Болоравии мақоми АМИТ дар раддабандиҳои байналмилалӣ
Раддабандӣ (ранжирование ё муайянсозии тартиби мақом)-и муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ва муайянсозии рейтинги оншо ҳамчун низоми баҳогузории объективӣ ҳанӯз дар ибтидои асри ХХ пайдо шуда бошад ҳам, танҳо дар охирҳои соли навадуми қарни мазкур ин амалҳо шакли ниҳоии худро гирифтанд.
Ҳоло ба таври даврагӣ аз ҷониби созмону институтҳои бонуфузи байналмилалӣ раддабандии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ тибқи низомҳои муайян дар самтҳои гуногун роҳандозӣ карда мешавад. Мавҷудияти чунин раддабандиҳо имкон медиҳад, ки ҷолиб будани ҳар як муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ арзёбӣ карда шавад. Ба ибораи дигар, рейтингҳое, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфуз таҳия карда мешаванд, ба вазъи ин муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ таъсир расонида, метавонанд дар ҳолатҳои муайян шароити берунии ҳамкориро бо онҳо рушд диҳанд. Аз ин рў, имрўз тамоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ кўшиш ба харљ медиҳанд, ки зимни банақшагириҳои фаъолият барои давраҳои кутоҳмуҳлат ва ё дарозмуҳлат ҳатман беҳбуд бахшидани мақоми худро дар рейтингҳои байналмилалӣ ҳамчун яке аз роҳҳои таъмини рушди устувори ин ниҳодҳо ба инобат гиранд.
Дар замони муосир шумораи зиёди рейтингҳои байналмилалӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори муаасисаҳои давлатҳои дигари ҷаҳон муайян гардидааст. Чунин раддабандиҳо бо истифода аз нишондиҳандаҳо (индикаторҳо), шохисҳо (индексҳо) ва тавассути арзёбиҳои электронӣ сурат мегиранд. Бо ҳамин сабаб муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ҳамасола кӯшиш мекунанд, ки тибқи ҳамин талабот оид ба нишондиҳанда ва шохисҳо мақоми худро дар раддабандиҳои рейтингӣ мустаҳкамтар кунанд.
Дар асоси гуфтаҳои боло мехостем, ки чанд андешаро дар бораи мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз чунин раддабандиҳо, ки барои муассисаҳои дахлдори мо беш аз ҳама дастрас аст, яъне китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (ШРИИ, яъне РИНЦ)-и Федератсияи Россия баён созем. Дар ин раддабандӣ фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ пайваста арзёбӣ гардида, мақоми он дар байни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои ба ин низом воридбуда муайян мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки болоравии мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар низоми мазкур дар зарфи як соли охир метавон на танҳо ҳамчун рушди эволютсионӣ ё рушди бесобиқа, балки ҳатто як дигаргунии куллӣ ҳисоб кард. Барои мисол, якчанд нишондиҳандаҳоро бо ҳам муқоиса мекунем. Соли гузашта Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни 49 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондодҳои шохиси Хирш аз рӯи ҳамаи маводи дар китобхонаи электронӣ (e-library) нашршуда (10), шохиси Хирш аз аз рӯи ҳамаи маводи дар РИНЦ нашршуда (10) ва шохиси Хирш аз аз рӯи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда (5) ҷойи охиринро ишғол карда буд. Ҳамзамон, шумораи тамоми маводи дар китобхонаи электронӣ нашршуда ҳамагӣ 802 адад ва миқдори маводи нашршуда, ки аз онҳо иқтибос овардаанд, ҳамагӣ 519 ададро ташкил медод.
Дар натиҷаи қабули қарорҳои дурусти идорӣ, бастани шартномаи литсензионӣ SCIENCE INDEX №SIO-7380/2024 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҶДММ “Китобхонаи илмии электронӣ” аз 11 июни соли 2024 ва тақвияти фаъолияти олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар анҷоми соли 2024 нишондиҳандаҳои мазкур хеле боло рафтанд. Имрӯз бо нишондодҳои шохиси Хирш аз рӯи ҳамаи маводи дар китобхонаи электронӣ (e-library) нашршуда (51), шохиси Хирш аз рӯи ҳамаи маводи дар РИНЦ нашршуда (49) ва шохиси Хирш аз рӯи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда (42) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар миёни 49 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд, ҷойи аввалро ишғол мекунад.
Ҳамзамон, шумораи тамоми маводи дар китобхонаи электронӣ нашршуда 6692 адад ташкил дода, миқдори маводи нашршуда, ки аз онҳо иқтибос овардаанд, ба 19595 адад расидааст. Дар баробари ин, шумораи муаллифон дар радабандии мазкур аз 188 нафар ба қайд гирифта буда, ба 455 нафар расид. Инчунин, муаллифоне, ки дар шохиси Science Index ба қайд гирифта шудаанд, аз 153 нафар ба 445 нафар расидааст. Яъне, аз 1100 корманди илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2024 тақрибан 40% дар шохиси номбурда ба қайд гирифта шудаанд ва маводҳои илмии онҳо ба китобхонаи электронӣ ворид карда шудааст, ки имконият медиҳад дастовардҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ дастрас бошад ва бо он ошно шаванд. Ҳамзамон, дар соли 2025 имконият ҳаст, ки боқимондаи ходимон ва кормандони илмии Академияи милии илмҳои Тоҷикистон дар Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (РИНЦ) ба қайд гирифта шаванд ва мақом, нишондиҳандаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла миқдори маводҳои воридшуда ва иқтибосоварӣ ба онҳо дар шохиси номбурда боз афзун ёбад.
Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки фаъолияти илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рукуд боз монда, рӯ ба рушд дорад ва аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳисси масъулият, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30 майи соли 2024) ба олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон талқин намуданд, имрӯз боло гирифт ва дар ин ниҳоди бонуфузи илмӣ тартибу низом муқаррар ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ тақвият пайдо кард. Аз ин рӯ, ин пешрафтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар ин самт метавон ҳамчун туҳфаи сазоворе барои мардуми кишвар дар арафаи анҷомёбии соли 2024 ва оғози соли нави мелодии 2025 баҳогузорӣ намуд.
Қобилҷон Хушвахтзода,
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ