Болоравии нархи газ Гунаҳкор кист? Хадамоти зиддиинҳисорӣ куҷо менигарад?

 

Ба таври ғайричашмдошт  дар давоми як моҳ нархи сӯзишворӣ, аз ҷумла газ дар Тоҷикистон якбора 35-40 фоиз боло рафт. Ин нигаронии мардумро ба миён оварда, аксарият омили асосиро дар монополия кардани воридот ва фурӯши маҳсулоти сӯзишворӣ  донистанд.

Кӣ ба Тоҷикистон газ меорад?

Нархи роҳқирои нақлиёт, маҳсулоти ниёзи аввал  ва дигар хизматрасониҳо, ки ба сӯзишворӣ вобастаанд, якбора боло рафт. Чун ҷайби мардум ба ин омода набуд, тиҳитар шуд.  Ронандагони нақлиёт ба пурсишҳои мо  иброз доштанд, ки нархи пештараи роҳкиро хароҷоти онҳоро намепӯшонад ва маҷбуранд изофа кунанд ё ба кор набароянд.  Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон,  ки рисолати асосисаш танзим ва назорати нарх дар бозор аст, баба ин мушкилот аз миёни ангуштон назар меандозад. “Дар бозори ҷаҳонӣ нарх гарон шуд”, “корхонаи нафтбарорӣ ва таъминкунандаи берун аз кишвар вайрон шуд”, “дар бозори Тоҷикистон монополия нест”-ин аст гуфтаҳои забонзадаи ҳамешагии Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Хадамот дар як рӯйхати воридкунандагони  маводи сӯзишворӣ ҳиссаи чандин субъектҳоро овардааст, аммо Ширкати “Фароз”, ки яке аз таъминкунандагони асосии нафту газ дар Тоҷикистон аст, вуҷуд надорад. Шояд дар зери коса нимкосае ҳаст? Айнан маълумоти расмии Хадамоти зиддиинҳисориро дар мавриди ҳиссаи ширкатҳои воридоткунандаи газ ин ҷо меорем:

ҶДММ «Темур Ойл» -16%, ҶДММ «Гули Сурх Континент» — 14%, ҶДММ «Октан-Сервис» — 13%, ҶДММ «Ғайрат 82» — 11%,ҶДММ «Газпромнефть-Таджикистан» — 8%, ҶДММ «Газойл» — 7%, ҶДММ «Газнефть» — 6%,ҶДММ «Мабдаи Нур» — 5%. Дар маҷмӯъ, ҳудуди 35 ширкат дар таъмини  бозори сӯзишвории Тоҷикистон ҳисса мегузоранд. Шояд ин ширкатҳои майда-чуйда марбути як ширкати бузург бошанд?

Ҳукумат ҷилави болоравии нархро гирад

 Таҳлилгароне, ки пайваста бозорро назорат мекунанд,  бештари ширкатҳоро ба як ё ду нафар мансуб медонанд, ки нархро худашон  танзим мекунанд. Инро дар забони иқтисодӣ “олигополия” меноманд, яъне бо маслиҳати пешакӣ вобаста ба мавсим ва талаботи бозори истеъмолӣ нархи маҳсулот аз ҷониби онҳо “танзим” мешавад.  Ба андешаи коршиносон, тиҷорати маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон он қадар шаффоф нест, зеро агар имрўз дар ҷаҳон нархи нафт каме баланд шавад, пагоҳ дар кишвари мо низ гарон мешавад.  Ҳол  он ки таъсири он метавонад баъд аз як моҳ ба Тоҷикистон расад. Инчунин, агар нархи он дар ҷаҳон рӯ  ба пастшавӣ орад, ширкатҳои ватанӣ изҳор медоранд, ки маҳсулот бо нархи пешин ворид шудааст. Ҳукумат бояд ҷилави чунин ширкатҳои манфиатхоҳро гирад, вале афсӯс ин чиз ба назар намерасад ва ниҳодҳои иқтисодӣ, махсусан Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Хадамоти гумрук  ба ин масъала эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.

Аз ин хотир рақобати носолим дар бозори сӯзишворӣ боиси он гаштааст, ки бозори сиёҳ дар ҷумҳурӣ ниҳоят рушд кунад.  Танҳо рақобати солим ва бидуни зещнгпроӣ метавонад пеши роҳи гароншавии тамоми маҳсулотро дар кишвар гирад, вагарна баъд аз чанд сол аҳолии кишвар имконияти харидории маҳсулоти ниёзи аввал ва серғизо, аз қабили ширу гӯшт, шакар, равғанро аз даст медиҳанд.  Сомонаи  “tajikistantimes” низ  миёни хонандагон пурсишномаеро таҳти номи “Сабаби болоравии нархи газ дар Тоҷикистон чист?” гузаронд. Натиҷа  чунин буд, ки 61 фоизи пурсидашудагон ба монополия кардани воридот ва фурӯши газ ном бурданд. Инчунин, 39 фоиз набудани рақобати солимро дар бозор медонанд.

 «Фароз» чӣ мегӯяд?

Тавре  маълум,  Ширкати «Фароз» аз воридкунандагони асосии маҳсулоти сӯзишворӣ дар Тоҷикистон мебошад. Аммо  дар робита ба болоравии нархи гази моеъ даст доштанаш ба болоравии нархро беасос  дониста,  сабабҳои онро шарҳ додааст.

«Сабаби асосии баландшавии нархи гази моеъ дар бозори дохилии кишвар, ин кам гардидани ҳаҷми фурӯши он аз ҷониби ҶС «СНПС-Актобемунайгаз»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва норасоии он дар ин кишвар маҳсуб меёбад», — омадааст дар маълумоти ширкат.

Ширкати  Қазоқистон дар мактубҳои худ ҷамъиятҳои воридкунандаи “гази моеи Тоҷикистонро огоҳ намудааст, ки бинобар зиёд гардидани уҳдадориҳои ширкат оид ба таъминот бо гази моеъ дар дохили Қазоқистон ва аз кор баромадани яке аз таҷҳизоти Корхонаи коркарди газ-2 Жанажол”, дар моҳи июни соли ҷорӣ таъминоти Тоҷикистон бо гази моеъ аз 30 то 40% кам карда мешавад. Зикр мегардад, ки ҶСП «Фароз» ҳамчун ширкати ватанӣ ба доираи дигар ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ шомил буда, оид ба болоравии арзиши гази моеъ манфиатдор намебошад ва бинобар ҷой доштани рақобат дар бозор, кӯшиш менамояд то бозори дохилиро бо гази моеъ дар моҳҳои оянда бо нархи дастрас таъмин намояд.

Ҳарсол ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 340 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки 85 фисади он аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва 15 фисадаз кишварҳои дигар харидорӣ мегарданд.

Саидалӣ Зарифзода, сардори Раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ гуфт, ки яке аз омилҳои дигари баландшавии нархи маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар бозори дохилии кишвар болоравии арзиши онҳо дар бозори ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ин таъсири худро ба кишварҳои дигари истеъмолкунанда низ расонидааст. “Дар кишварҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ҳамасола дар мавсими тобистон талабот ба маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ зиёд мегардад ва захираву истеъмоли онҳо бештар ба назар мерасанд, ки чунин омил яке аз сабабҳои болоравии арзиши маҳсулот ба шумор меравад.Чунин   вазъияти баамаломада муваққатӣ буда, пас аз бартараф гардидани омилҳои зикршуда воридоти маҳсулот муътадил ва арзиши онҳо паст хоҳанд гашт”-бо итминон гуфт С. Зарифзода.

Айни замон  гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши  Тоҷикистон 4,80-5 сомонӣ ва бензин 7,50-8 сомонӣ, дизел 7,80-8 сомонӣ арзиш доранд. Тавре ба мушоҳида мерасад, асосан дар нуқтаҳои “Газпромнефт” ва “Фароз” мошинҳои зиёд навбат мепоянд. Аз рӯйи маълумоти оморӣ, ҳоло беш аз 60%-и нақлиёти автомобилии ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз газ истифода мебаранд. Ин сифр вақте зиёд шуд, ки дар гузашта нархи газ нисбат ба дигар намуди сӯзишворӣ бамаротиб арзонтар буд.

Ваъдаи Қазоқистон ба Тоҷикистон

Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки аз мавсими тирамоҳи соли ҷорӣ маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензинро ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон содирот кунад. «Власть»-маҷаллаи  чопи Қазоқистон дар бора иттилоъ дода,  меафзояд, ки  имкони содироти маводи сӯхт дар пайи афзоиши тавлиди он дар корхонаҳои коркарди нафти Қазоқистон ва манъи воридоти бензин аз Русия фароҳам шудааст.

Муовини роҳбари Ширкати “КазМунайГаз” Дониёр Тиесов ба маҷалла гуфтааст, ки ҳар моҳ Қазоқистон метавонад ба кишварҳои ҳамсоя то 400 ҳазор тонна маводи нафтӣ содирот кунад.

“Соли ояндаметавонем то 1,2 миллион тонна бензинро ба ин кишварҳосодироткунем. Бодарназардоштиарзонииворидотимаҳсулот аз Қазоқистоннисбат ба Русия, мутмаинам дар ин кишварҳомуштариизиёдехоҳемдошт”, — афзудаастДониёрТиесов.

ТалаботисолонаиТоҷикистон ба бензин бештар аз 200 ҳазортоннароташкилмедиҳад. Тибқи маълумоти Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати ҶТ, тӯли 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон наздики 73 ҳазор тонна бензин ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазор тонна камтар аст. Феълан сӯзишвории аз ҳама серистифода дар ҷумҳурӣ гази моеъ мебошад, ки то қариб 90%-и он аз Қазоқистон ворид мешавад. Давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ беш аз 151 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ворид карда шудааст, ки қариб ду маротиба аз бензини воридшуда аз Русия зиёдтар мебошад.

 

Усмон Раҳимзода,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *