Хорватия чемпион шуданист

Шаби 11 июл. 120 дақиқа бозии шавқовари пур аз талош барои соҳиби роҳхат ба даври финали Чемпионати ҷаҳон- 2018 шудан дар хотири садҳо миллион мухлисони футбол, бахусус мардуми кишвари Хорватия, абадӣ нақш хоҳад баст.

Англисҳо, тавре аксари мухлисон дилпур буданд, нахуст ҳисоби бозиро кушоданд. Ин дар ҳоле ба миён омад, ки хорватҳо ҳаракати бозигари онҳоро дағалона боздоштанд ва Триппйе бо зарбаи Мессимонанд тӯбро аз болои девори сохтаи ҳарифон бехато ба кунгҷи дарвоза равон кард. Аммо футболбозони хорват тавонистанд, ки қисми аввали бозигариро 1:0 бохта, тамоми маҳорату малакаашонро бар зидди тими Англия, ки боре шаҳди чемпионии ҷаҳонро чашидааст, истифода баранд ва бо ду голи хеле зебои Перишич (дақиқаи 68-ум) ва Манҷукич (109-ум) рақобати пуршиддатро ба фоидаи худ ҳал кунанд.

Бад-ин минвол, дастаи яккачини Хорватия дар чемпионати ҷаҳони Русия ҳангома барпо кард ва ба даври  финалии он роҳхат гирифт.Хорватҳоро дар ин даври ҳалкунанда фаронсавиҳо интизоранд. Бозии Фаронса- Хорватия соати 11-и шаби 15 июл дар Варзишгоҳи «Лужники»-и Маскав баргузор мешавад.

Ҷашни футбол идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *