“Бом-бом”-и Зулайхо Маҳмадшоева нашр шуд
Зулайхо Маҳмадшоева, ки аз ҷумлаи овозхонҳои маъруфи тоҷик мебошад, таронаи нави худро бо номи “Бом-бом” нашр кард.
Овозхон суруди навашро дар маросими ҷоизасупории солонаи радиои “Ҳамсадо” пешкаши мухлисонаш гардонид.
“Бом-бом” дар баробари ютубканали “Ҳамсадо” дар саҳифаи расмии сароянда низ нашр гардид.
Пас аз иҷрои тарона Зулайхо Маҳмадшоева чунин мегӯяд:
— Сухани бисёр надорам. Вақте ки маро ба ин ҷо даъват карданд, хурсанд шудам ва гуфтам, ки ин суруд омода бошад ё набошад ҳам, барои мухлисонам мехонам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ