оила

Машварати ҳуқуқӣ: Барои писари донишҷӯям алимент мегирам?

Як сол инҷониб аз шавҳарам ҷудо зиндагӣ мекунам. Писарам дар соли аввали таҳсил дар шўъбаи рўзонаи донишгоҳ таҳсил менамояд. Барои ў низ алимент рўёнидан мумкин аст ё не? САМИРА, шаҳри Душанбе

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Мувофиқи моддаи 86-и Кодекси оила,суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғат расида, ки донишҷўёни таҳсили рўзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни бистсолагӣ ва бистучорсолагӣ расиданашон аз падару модар алимент ситонад.

Андозаи алименти ҳар моҳ бо пули устувор ситонидашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо муайян карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *