Канзи шифо: Сақич ва фоидаву зарари он

Сақич аз полимери синтетикии бемазза сохта шудааст, ки ба он таъмҳои гуногун, стабилизаторҳои мазадиҳанда ва ғайра илова карда мешавад.

Ватани сақич Амрикост. Онро бори нахуст дар миёнаҳои асри XIX Д. Кертис истеҳсол кардааст. Мақсади асосии хоидан аз сақич хориҷ кардани зарраҳои хурди ғизо аз даҳон ва тоза кардани нафас мебошад. Энергия ва арзиши ғизоии сақич ба ҳисоби миёна, калорияи ин маҳсулот тақрибан 250 ккал аст. Таркиби он иборат аз — сафедаҳо — 0, равғанҳо — 0,3, карбогидратҳо — 70,4 аст.

Фоидаи сақич хоидан:

Ба гуфтаи дандонпизишкони муосир, истифодаи оқилонаи сақич метавонад ба бадан таъсири судманд расонад, яъне:

— Рушди осеби кариезии сирдори дандонро пешгирӣ мекунад;

— Сатҳи рН-ро дар холигоҳи даҳон муътадил мегардонад;

— Гигиенаи даҳонро дастгирӣ мекунад;

— Ҷараёни хунро ба майна таҳрик медиҳад, ки дар натиҷа фаъолияти майна беҳтар мешавад;

— Барои ба эътидол овардани шиддати асаб мусоидат мекунад;

— Басомади кашиши деворҳои рӯдаро зиёд мекунад;

— Барои бартараф кардани одати бади тамокукашӣ кумак мекунад;

— Эҳсоси гуруснагиро муваққатан қонеъ мекунад.

Зарари сақич хоидан:

Олимон таъсири манфии маҳсулоти хоидан ба организмро исбот кардаанд:

— Вазъияти бемориҳои музмини системаи ҳозима;

— Эҳтимоли баланди осеб дидани пломбаҳои дандонпизишкӣ;

— Барангезандаи рушди гастрит ва захм;

— Тағйир додани шакли дандон;

— Ба хун таъсири заҳролуд дорад;

— Баланд бардоштани сатҳи холестерин.

Таъкид:

  1. Сақич хоидан дар меъдаи холӣ қатъиян манъ аст.
  2. Вақти хоидани сақич набояд аз 5 дақиқа зиёд бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *