Аз таҳти дил бихандед!
Арӯс
Марде аз дӯсташ маслиҳат мепурсад:
– Ду арӯс дорам, намедонам аз онҳо кадомашро интихоб кунам.
Дӯсташ мегӯяд:
– Ба қалбат гӯш кун. Қалбат чӣ мегӯяд?
Мард дар ҷавоб:
– Қалбам мегӯяд, ки занат фаҳмад, туро мекушад!
Қарз
Писарбача ба волидонаш мегӯяд:
– Пагоҳ дар мактаб маҷлиси падару модарон будааст. Муаллима гуфтанд, ки падарат шиносномаашро биёрад.
Модар ҳайрон шуда, мепурсад:
– Шиноснома барои чӣ?
Падар мегӯяд:
– Аз афташ дарҳол аз бонк қарз мегирем.
Магас
Нафаре як коса лағмон харида, дид, ки дар коса магас шино мекунад.
Сарошпазро ҷеғ зада, гуфт:
– Ин чӣ гап? Ба деги ошатон магасҳо ҳамла овардаанд магар?!
Сарошпаз гуфт:
– Хасисӣ накунед. Як магас чӣ қадар хӯрок мехӯрад?!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ