«Бомж»-ҳои суғдӣ,онҳо кистанд?
Дар вилояти Суғд, тибқи омор, тақрибан 500 нафар бехонаю дар ҳастанд. Бино ба маълумоти ҷамъовардаи намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ дар Хуҷанд, ин одамон дар кӯчаҳо, истгоҳҳои автобусҳо ва дар гаражҳо зиндагӣ мекунанд. Яонке аз ҳамоҳангсози барномаи кумак ба бехонумонҳо дар Хуҷанд Баҳрӣ Абдураҳмонова гуфтааст, ки онҳо даҳҳо нафар бехонумонро дар шаш шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ки дар гаражхо ва бинохои фарсуда. «Ҳеҷ кадоме аз бехонумонҳо ваксина нагирифтаанд. Бархе аз онҳо, мутаассифона, бемор ҳастанд. На маълумот доранд, на пул, на ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият. Инҳо мушкилоти асосии пешгирии мутобиқ шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ мебошанд», — гуфт Абдураҳмонова. Ба гуфтаи раҳбари «Диёр», шумораи бехонумонҳо касоне ҳастанд, ки пас аз хатми мактаб -интернат ва ё пас аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд ва инчунин онҳое, ки аз маҳбас озод шудаанду дар оила онҳоро қабул накардаанд. Ин одамон бештари вақти худро дар ҷамъоварии зарфҳои шиша ва пластикӣ дар партовгоҳҳо сарф мекунанд. «Баъзе оилаҳо дар гаражҳо зиндагӣ мекунанд, аммо фарзандони онҳо ба далели надоштани ҳуҷҷат ба мактаб ва боғча намераванд. Аз ин сабаб, онҳо низ аз хизматрасонии тиббӣ дастрасӣ надоранд», — гуфт Абдураҳмонова. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хуҷанд ин андешаҳои худро оид ба дастгирии бехонумон ҳангоми гирдиҳамоӣ иброз доштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ