ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ба фикри одамони гирду атроф зуд розӣ нашавед. Имрӯз барои Шумо мушкил хоҳад шуд .Занги ногаҳоние асабҳои Шуморо хароб мекунад. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки асабҳои худро ором нигоҳ доред. Даромади пулӣ аз худи Шумо вобаста аст.

Савр (21 апрел-20 май)

Дӯстдоштаи худро аз ҳад зиёд навозиш накунед, зеро меҳрубонии зиёд меҳрро беқадр мекунад. Ба саломатии худ аҳамият диҳед. Рӯзи бобарорест барои харид кардан ва ба бозор рафтан. Баъди нисфирӯзӣ ба ҳеҷ куҷо наравед, зеро омадани меҳмон дар назар аст. Босабр бошед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар нимаи аввали рӯз каме саломатиатон нохуб гашта, камқувватиро эҳсос мекунед. Аммо хоб рафтан ва танбалиро тавсия намедиҳем, зеро ҳаракат кардан ин худ зиндагӣ аст. Бештар ба варзиш машғул бошед. Саломатии ҳар кас аз худаш вобаста аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ҳодисаҳои гуворои ин рӯз табъи Шуморо болида мегардонанд. Хеши дуре ба Шумо занг зада аҳволпурсӣ мекунад. Даромади пулиро ин рӯз интизор набошед, зеро ҳафтаи гузашта каме саҳлангорӣ карда, даромади худро кам кардед. Бигзор аз баҳсҳои оилавии Шумо касе хабардор набошад. Душманонатонро дӯст кунед. Дӯстонатон каманд.

Асад (23 июл-22 август)

То ҳоло Шумо ба пул эҳтиёҷи сахт доред. Барои зиёдтар гирифтани даромад ба Шумо иваз кардани ҷойи корро тавсия намедиҳем, танҳо тавсия медиҳем, кӣ чӣ гуна сарф кардани пулро омӯзед, зеро дар оянда даркор мешавад. Бисёр сухан гуфтанро ситораҳо тавсия намедиҳанд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ҷойи кор баъзе нофаҳмиҳо рух медиҳанд, аммо ба дил нагиред. Дар ҳаёти шахсӣ ҳамаро роҳ надиҳед. Бигзор ёфтани дили Шумо барои баъзеҳо душвор бошад. Барои хотима додани баъзе масъалаҳои муҳим рӯзи на он қадар мусоид аст. Тавсия медиҳем, ки вақт ҷудо карда, ба духтур равед, зеро сиёҳии пеши чашмҳоятон аз дарди гурдаҳо хабар медиҳад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ба касе маблағ надиҳед. Ибрат гирифтан аз рӯзҳои гузаштаро омӯзед. Ба ёратон вазифаҳои душворро нагузоред, ин ба коста шудани муҳаббати Шумо боис мешавад. Сири дилатонро ба ҳар кас нагӯед. Барои хуб шудани сатҳи зиндагиатон тавсия медиҳем танбалиро аз худ дур кунед. Хабакаркашҳо миёни Шумо ва дӯстдоштаатон ҷанг андохтанӣ мешаванд. Ҳушёр бошед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Воқеаҳои рӯзҳои охир Шуморо хаста кардаанд. Тавсия медиҳем ин ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ бо аҳли хонавода ба кино ва боғҳои истироҳатӣ равед, зеро хастагӣ ба муваффақияти Шумо халал мерасонад. Имрӯз бо коре ки кардед, дар назди роҳбарият таъриф мешунавед. Нагузоред, бо ҳарфҳои асалӣ ҳар нафар бо эҳсосатон бозӣ кунад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар нимаи аввали рӯз сардард Шуморо ташвиш медиҳад. Нимаи дуюми рӯзро бо нӯшидани қаҳва ва занг задан ба шахсони наздик гузаронед. Танҳоӣ хоси Шумо нест, бояд ҳарҷӣ зудтар аз пайи ҷустуҷӯи шахси ба дил наздик бошед. Ҳангоми баҳс каме хомӯш бошед ва ба шахсияти дигарон нарасед. Дили соф доштанатон ба хубии кор аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Роҳбарият ҳамаи хизматҳои Шуморо ба назар гирифта, эҳтимол аст, имрӯз ба Шумо мукофотпулӣ диҳанд. Дар нимаи аввали рӯз худро аз стресс дур кунед, зеро рӯзи хубе аст ва ситораҳо намехоҳанд онро бо рӯҳафтодагӣ сипарӣ кунед. Рӯҳафтодагӣ Шуморо ба қафо мезанад. Дар кӯчаҳо каме чеҳраи худро кушода гиред, зеро қовоқӣ будан ба Шумо намезебад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Нафаре дер боз ошиқи Шумо шудааст ва наметавонад ба Шумо бигӯяд.Шумо худатон бояд инро пайхас кунед. Ситораҳо ҳамон нафарро барои шумо тавсия медиҳанд. Ҳангоми муошират нармгуфторӣ ба суханҳои Шумо ҳусни дигар медиҳанд. Дар байни одамон сигор накашед. Ба баъзеҳо намефорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Шумо гумон мекунед, ки дар зиндагӣ ҳеҷ кас ба мисли Шумо азоб надидааст, хато мекунед. Ғаму дарди худро дур карданро омӯзед. Фикр накунед, ки дарду ғам ба таври ҳамешагӣ Шуморо тарк мекунад. Ин гунае ки фикр мекунед, нест, ғаму дард Шуморо тарк намекунад, балки Шумо бо он мубориза бурданро меомӯзед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *