Бонкҳо пули гирифтаашонро бозпас медиҳанд

“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” — ду бонки дучори мушкилшуда ба додани маош ва пасандозҳои муштариёнашон шурӯъ кардаанд. Аммо то ҳол ин гуна амалиёт дар ду бонки дигари пурмушкил — “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” оғоз наёфтааст. Дар моҳи гузашта ҳукумати Тоҷикистон ба хотири пуштибонии молӣ ба ин 4 бонки тиҷоратӣ ба миқдори 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ кӯмак карда буд.

Раҳмоналӣ Шералиев, сухангӯи “Тоҷиксодиротбонк”  гуфтааст, ки ҳоло муштариён метавонанд дар як рӯз аз банкомат 100 сомонӣ гирифта ва аз тариқи POS-терминалҳои бонк дар марказҳои савдо рӯзе ба миқдори 200 сомонӣ молу мавод харидорӣ кунанд.

Ба гуфтаи Шералиев, аз рӯзи 3 январи соли ҷорӣ раванди бозгардондани пасандозҳо ба муштариён оғоз ёфтааст. “Ин пасандозҳо ҳар моҳ қисм-қисм ба маблағи муодили 200 доллар бо сомонӣ пардохт мешавад. Пас аз расидани маблағҳои ҳукумат, миқдори додани пасандозҳо зиёд шуда ва дар муддати як сол ин пасандозҳо ба муштариён бозгардонда мешавад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *