Бозиҳои 4-уми ҳамбастагии исломӣ

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ ширкати варзишгарони тоҷикро дар Бозиҳои 4-уми ҳамбастагии исломӣ баррасӣ кард.
Бозиҳои чоруми ҳамбастагии исломӣ аз 12-ум то 22-юми майи соли 2017 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар ин мусобиқа 5 000 варзишгар, ки кишварҳояшон ба дини ислом гаравидаанд, иштирок кунанд. Дар Бозиҳо варзишгарон дар намудҳои варзиши сабук, ҷаҳидан ба об, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, баскетболи 3х3, футбол, гимнастикаи бадеӣ, гимнастикаи варзишӣ, ушу, тенниси рӯи миз, ҳандбол, ҷудо, гуштии юнониву румӣ, гуштии озод, тирандозӣ, теннис, волейбол, бокс, варзиши зӯрхонаӣ, каратэ, таэквондо WTF ва вазнабардорӣ қувва месанҷанд. Қарор аст, ки варзишагарони тоҷик дар 14 намуд ширкат кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *