Бонувон шикоят мекунанд, мардон ҷазо мегиранд…
Суди ноҳияи Синои пойтахт як омӯзгори ҷавони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро барои «гаппартоӣ» ва «дашноми қабеҳ» ба панҷ рӯзи ҳабс маҳкум кард.
Мақомоти Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 28-уми ноябр хабар доданд, ки Шарифҷон Розиқов як духтари 23-соларо дар маҳзари ом дашном додааст.Ба қавли манбаъ, «ӯ рӯзи 22-юми ноябр, ҳангоме ки ин духтари ҷавон дар назди маркази бозии «Sony» интизори мошин буд, ҳақорат карда ва шаъну шарафи номбурдаро дар назди дигар шаҳрвандон паст задааст.»Мақомот гуфтанд, нисбат ба Шарифҷон Розиқов бо иттиҳоми майдаавбошӣ парванда боз шуд ва ӯ бо ҳукми додгоҳ ба 5 шабонарӯз ҳабс маҳкум шудааст.Донишҷӯи Донишгоҳи молия ва иқтисод, ки дар ин парванда ба ҳайси даъвогар ширкат кардааст, гуфтааст, ки дар ҳодисаи ҳафтае пеш аз рафтори омӯзгори ҷавон хеле нороҳат шуд. Ин донишҷӯ, гуфтааст,ки хабарҳои гаппартоии фаҳши мардонро борҳо шунидааст, аммо ҳеҷ тасаввур намекард, ки як омузгори донишгоҳи олӣ ҳам метавонад чунин рафтор кунад. Ӯ гуфт, рафтори омӯзгор пеш аз ҳама ба обрӯи касби муаллимӣ латма мезанад. Вай гуфт: «Ин омӯзгор аз алфози хеле қабеҳ истифода кард, ки ба забон оварданаш ҳам имкон надорад«.Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, тайи се моҳи охир ҳадди ақал чаҳор мард барои бадрафторӣ бо занон боздошту муҷозот шуданд. Ҳамаи шикоятҳо аз тарафи бонувони пойтахт будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ