Бонувони ихтироъкори ДМТ аз Сеул бо медали тилло баргаштанд

Ду омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз шаҳри Сеул бо Шоҳҷоиза ва медали тилло баргаштанд.

Бонувони ихтироъкор дар як чорабинии донишгоҳ бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода қадрдонӣ шуданд.
Бино ба иттилои раёсати ДМТ, устодони факултети химия, номзадони илмҳои химия, дотсентон Саврибегим Ёрмамадова ва Муқаддас Қурбонова дар 15 –умин Форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ иштирок намуданд.

Форуми мазкур аз 24-ум то 27 август баргузора шудааст. Устодони донишгоҳ дар самти «Истифодаи пайвастаҳои комплексии рӯҳ ҳамчун маводи доруворӣ зидди бемориҳои ғадуди сипаршакл» ва «Истифодаи хуллаҳои алюмений бо бериллий дар саноати мошинсозӣ» ихтироот намуда, дар нишастҳои омӯзишӣ миёни мутахассисони сатҳи байналмилалӣ баррасӣ намудаанд. Пас аз таҳлили мутахассисон бонувони ихтироъкор бо Шоҳҷоиза ва медали тилло қадрдонӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ки ихтирооти бонувони тоҷик дар ҷодаи илми химия маводи тоза ва ҷавобгӯ ба талаботи илми ҷаҳонӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар Кореяи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул солҳост, ки бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ доир мегардад. Имсол 15-умин форуми мазкур аз 24-ум то 27 август баргузор шуда, аз байни 30 давлати аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ 500 нафар ихтироъкор иштирок кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *