Манижаи Сангин бо Ладо Кватания оиладор шуд

Шоми  6-уми сентябри соли ҷорӣ овозхони шинохтаи тоҷики муқими Русия  Манижаи Сангин ба Ладо Кватания, коргардони рус ба шавҳар баромадааст.

Дар ин бора Ксения Собчак, журналисти рус бо нашри чанд акс аз маросими никоҳи онҳо дар Telegram-канали худ хабар дод.

 Маросими ақди никоҳи онҳо дар Николиная Гора, деҳаи дар тақрибан 30-километрии ғарби шаҳри Маскав доир шудааст.

Манижа 31 сол дошта, дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ соли 2021 ба намояндагӣ аз Русия дар озмуни муътабари “Евровидение” иштирок кард ва дар байни 41 довталаб ҷои 9-умро гирифт.

Рӯзи 9 октябр Манижа дар зодгоҳаш – шаҳри Душанбе консерт барпо мекунад. Ин консерт таҳти унвони “Шаҳри Хуршед” дар “Кохи Суруш” доир мешавад.

Манижа Сангин соли 1991 дар хонаводаи модари омӯзгори фанни физикаи Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ Ибни Синои шаҳри Душанбе ва падари табиб ба дунё омадааст. Ҷанги дохилӣ оиларо водор кард, ки ба Маскав бикӯчад ва тавре худи Манижа борҳо гуфтааст, барои бузург кардани ӯву дигар фарзандон, модар ба ҳама кор даст задааст: дар бозор майдафурӯшӣ карда, равонпизишкиро омӯхтааст, ҳунарҳои дӯзандагиву пазандагӣ ҳам барои таъмини рӯзгораш кумак шуд.

Манижа мусиқиву забони англисиро омӯхту бо варзиш машғул шуд. Нахустин ҳунарнамоии Манижаи 12-сола дар саҳнаи калон бо тахаллуси эҷодии Ру.Кола сурат гирифт, чун дар талоши пайдо кардани мавқеи худ дар саҳнаи пуррақобати мусиқии замонавӣ буд. Бо вуҷуди мавҷи фишору таҳқирҳо, Манижа ҳамеша гуфтааст, ки зодаи Тоҷикистон буда, бо фарҳангу гузаштаҳояш ифтихор мекунад.

Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шуҳрат пайдо кард.

Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфтааст, ки қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *