Бори андӯҳи марги писарро бардошта натавонист…
Ислом Усмонов, имомхатиби масҷиди деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 21 декабр, қабл аз намози ҷанозаи писараш ҷон ба Ҳақ таслим кардааст. Писари имомхатиб 40 сол дошт ва баъди ду ҷарроҳии мағзи сар рӯзи 20 декабр аз олам чашм пӯшид. Рӯзи 21 декабр, соати даҳи субҳ қабл аз баровардани тобути фарзандаш, фишори хуни Ислом Усмонов якбора боло рафта ва сипас боз ҳам якбора ба ҳадди сифр пойин рафтааст.
Ислом Усмонов як руҳонии хеле муътабар дар деҳаи Деҳмой ва ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба шумор мерафт. Ислом Усмонов тақрибан 30 сол боз имомхатиби масҷиди Деҳмой буд.
Писари 40-солаи вай чандин муддат боз аз дарди сар азият мекашид. Ӯро ду дафъа дар Душанбе ҷарроҳӣ карданд, вале аз ин дард халос нахӯрд ва рӯзи 20 декабр вафот кард.
Субҳи 21 декабр, соати тақрибан 10 пеш аз баровардани тобути фарзандаш, Ислом Усмонов, ки ғами аз даст додани писараш ӯро сахт афгор карда буд, якбора ба иллати боло рафтани фишори хунаш аз по афтод. То табибон омаданду дар пайи наҷоти ҷони худи имомхатиб шуданд, ки фишори хуни ӯ ҳамчунон якбора то ҳадди сифр пойин омад ва Ислом Усмонов дар пеши чашми мардуме, ки барои таъзия ба хонааш омада буданд, ҷон дод.
Намозгузорони масҷиди Деҳмой ва онҳое, ки Ислом Усмоновро мешиносанд, аз ӯ ҳамчун як марди хеле ботақво, ботамкину хоксор ва инсони хуб тавсиф мекунанд.
Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ агар хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад…
“Ахбор”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ