Подполковник Хушматов боздошт шуд

Диловар Хушматов ҳаштумин корманди баландпояи маъмурияти маҳбаси рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд аст, ки рӯзи якшанбе боздошт шудааст.

Дар байни боздоштшудаҳо сардори он маҳбас Файзуллоҷон Сафарзода низ ҳаст. Кормандони маъмурияти маҳбаси рақами 3/3ба хунукназарӣ, берун баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ, тамаъҷӯӣ, шиканҷаи маҳбусон, гирифтани пора ва пинҳон кардани хабари ошӯб айбдор мешаванд. Дар пайи ошӯби маҳбусон чанд мақоми баландпояи додситонии вилояти Суғд, аз ҷумла Маъмур Аъзамзода – прокурори калони додситонии вилояти Суғд оид ба назорат дар муассисаҳои ислоҳӣ ва Завқибек Шарифзода– додситони назорати маҳбасҳои вилояти Суғд бо як муовинаш низ аз мақом барканор карда шуданд. Аъзамзода барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ нафақат аз мақомаш барканор, балки аз сафи прокуратура ҳам ронда шуд. Шаби 7 ноябр маҳбусони зиндони рақами се дар пайи бадрафтории зиндонбонҳо нисбат ба як маҳбус бо сангу чӯб ва ҳар гуна ашёҳои буррандаву халанда мусаллаҳ шуда,ошӯб бардоштанд ва ду корманди зиндонро кушта, 6 тани дигарро захмӣ карданд. Нирӯҳои вижа бо силоҳу сагҳо вориди маҳбас шуда, ошӯбро саркӯб карданд. Ба гуфтаи мақомот, дар ҷараёни саркӯби ошӯб 21 маҳбус, ки 12 нафараш ҷангиёни собиқи созмони террористии ДОИШ будаанд, кушта шуданд. Манобеи дигар шумори кушташудаҳоро зери 50 ва шумори захмиёнро беш аз 100 нафар мегӯянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *