Боридани борон ва раъду барқ дар назар аст

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борону жола ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, борон ва шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000м барфи суст меборад. Дар ғарби вилоят  шабона 4-9 ва  рӯзона 13-18  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона  4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, борон дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва  рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона  10-15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21  ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  10-15  ва   рӯзона 14-19 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр барф) бошиддат борида, боридани жола аз эҳтимол дур нест.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 9-14  ва рўзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10  ва  рўзона 13-18  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 10-12  ва рӯзона 21-23  дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *