Дар Душанбе гуфтугӯҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мегардад

Рӯзи ҷумъаи 5 апрел дар шаҳри Душанбе гуфтугӯҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад. Ҳайати Қирғизистонро ноиб-сарвазири он кишвар Жениш Раззоқов роҳбарӣ мекунад.

Рӯзи ҷумъаи 5 апрел дар шаҳри Душанбе гуфтугӯҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад.

Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷаласаи навбатии комисияи байниҳукуматии мушахассозӣ ва аломатгузории марз масоили марбут ба минтақаҳои баҳсии ҷамоати Воруху Хоҷаи Аълои Исфара ва Оқ-Сойи вилояти Бодканди Қирғизистон баррасӣ мешавад.

Ҳайати Қирғизистонро ноиб-сарвазири он кишвар Жениш Раззоқов роҳбарӣ мекунад.

Дар пайи муноқишаи 13-14 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон аз тири силоҳ кушта шуда, беш аз 20 нафар, аз ҷумла 3 шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд. Ин моҷаро баъди он сар шуд, ки сокинони деҳоти Ворухи Тоҷикистон бо корҳои сохтмонии роҳи Ботканд-Оқсой-Тамдиқ мухолифат карданд. Сокинони деҳоти марзӣ мегӯянд, ки ҷониби Қирғизистон ҳамингуна тирамоҳи порсол монеи сохтмони лӯлаи обе барои сокинони Ворух шуданд ва дар натиҷа, бино ба баҳсӣ будани макони сохтмони лӯлаи об корҳо мутаваққиф мешавад. Баъди ин бунёди Оғохон, ки маблағгузори ин тарҳ буд, гуфт, то муддати ҳал шудани баҳсҳо иҷрои ин тарҳ мутаваққиф мешавад.

Ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон ният доранд маҳз ҳамин масоили марбут ба аломатгузорӣ шудани қитъаҳои баҳсии сарҳадиро рӯзҳои 5 ва 6 апрел дар Душанбе баррасӣ кунанд. Қарор аст ба Душанбе ҳайате ба раҳбарии муовини нахуствазири Қирғизистон Ҷениш Разоқов сафар кунад, ки давоми 5 рӯз – аз 14 то 18 март бо ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим дар Ворух музокирот барпо карданд. Дар протоколи имзошуда, ки онро ҷонибҳо «ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷониб» арзёбӣ карданд, гуфта шуд, ки баъди ин посгоҳҳои марзӣ аз марз бардошта шуда, дар деҳоти тоҷикиву қирғизие, ки моҷаро бархост, патрули низомӣ ба намояндагӣ аз ҳарду ҷониб назорат мебарад.

Тасмими дигар ин шуд, ки сокинони ҳарду кишвар ба сохтмони қитъаҳои ҳаётан зарур барои рафтуомади бемамонеаи шаҳрвандонашон иҷоза медиҳанд. Як қарори дигари муҳим ин шуд, ки додситониҳои кулли ду кишвар бо таъсиси гурӯҳи муштараки таҳқиқотӣ бар асоси 7 моддаи ҷиноӣ ҳодисаҳои марз, аз ҷумла куштор ва ҳамлаҳои сокинони деҳотро таҳқиқ мекунанд ва ваъда доданд, ки омилони ин ҳодисаҳо ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Вале муҳимтарин баҳс – аломатгузорӣ шудани қитъаҳои баҳсии сарҳади ду кишвар бояд дар ҷараёни музокираҳои байниҳукуматӣ ҳаллу фасл шавад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *