Коргардони филми “Мимино” даргузашт

Георгий Данелия, коргардони маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ дар синни 89-солагӣ аз дунё чашм пӯшид.

Георгий Данелия, коргардони маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ дар синни 89-солагӣ аз дунё чашм пӯшид.

Хонаводаи ин коргардони саршинос ба хабарнигорон гуфт, ки Георгий Данелия дар моҳи феврал ба далели уфунати шуш дар бемористон бистарӣ шуда, аз рӯзи 24 феврал дар ҳолати мадҳушии сунъӣ қарор дошт.

Георгий Данелия дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон ба дунё омада ва Донишкадаи коргардонии Маскавро хатм карда буд.

Ин коргардон бо филмҳои комедии худ, бахусус, “Мимино” ва “Афония” дар миёни сокинони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрати зиёде касб карда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.