Боридани борону барф дар назар аст

Агентии обуҳавошиносӣ аз якбора номусоид гардидани ҳавои ҷумҳурӣ, шиддатёбии борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфи зиёд хабар медиҳад.

Тавре аз Агентии мазкур  иттилоъ доданд, дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар баъзеи дигар ноҳияҳо, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шиддатёбии вазиши бод аз ҷониби ғарб то 19-24 метр дар як сония дар назар аст.

Ба иттилои Агентӣ, дар натиҷаи боришоти зиёде, ки ба дарёҳои қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯ ҷорӣ мешаванд, баландшавии якбораи сатҳи об дар назар аст.

Дар робита ба ин гуна вазъи обу ҳаво сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ  баён доштааст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *