Мастчоҳ: Мубориза бо сил вазифаи ҳар яки мост

Дар МТМУ №27-и Ҷамоати деҳоти Оббурдон аксияи «Ҳаёт бидуни сил» баргузор гардид. Дар чорабинӣ  сарвари Маркази зидди бемории сил, силшинос, Охун Мақсудӣ ва сарвари Маркази ВНМО Бадалов   оид ба роҳҳои пешгирӣ аз ин намуди беморӣ, табобатшаванда ва  ройгон будани табобати он ба мардум маърузаҳо  карда ба саволи сокинони ҷамъомада посухҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла ба саволи “Сабабҳои пайдоиши бемории сил дар чист? Чунин посух дод: Сабаби асосии дар сатҳи баланд қарор доштани гирифторшавӣ ба бемории сил ин пеш аз ҳама сатҳи пасти маълумотнокии аҳолӣ нисбат ба ин намуди беморӣ, тамғагузорӣ нисбати бемории сил, мушкилоти кадрӣ, шароити пасти зиндагии баъзе аз гурӯҳҳои одамон (шароити пасти зисту зиндагӣ, зичии аҳолӣ, норасоии ғизо, бекорӣ, маоши паст, майнӯшӣ ва проблемаҳои коммуналӣ) мебошад.  Аз ин рӯ вохӯрӣ бо аҳолӣ ва корҳои фаҳмондаҳидӣ дар байни онҳо яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз ин намуди беморӣ мебошад.

 Дар чорабинӣ инчунин  мудири бахши кор бо занон ва оила Ҳофизова Сайидпочо, мутахассиси пешбари кор бо ҷавонон ва варзиш Латипова У. роҳбари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Ниёзов Р. сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Иқболи нек» Бобоев М., иштирок намуда, ҳар кадоме дар доираи вазифадориҳо худ маърузаҳо намуданд.

 Дар чорабинӣ масъалаҳои пешгирии бемориҳои сил ва ВНМО, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии хушунат ва  зӯроварӣ дар оила мавриди муҳокима қарор гирифт.  

Дар ҷамъбасти  чорабинӣ, ки  зиёда аз 250 нафар иштирок доштанд,  ба фаъолон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Иқболи нек» тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

                                                                                           Фарзона Муродӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *