Боришоти пайдарпай дар Рӯдакӣ ва Рашт зиён овард
3 апрел дар натиҷаи боронҳои зиёд сатҳи оби канали Оқтоки ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ баланд шуда, ба рахнашавии қисмати он оварда расонид.
Дар натиҷаи он ба баъзе қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ об даромад. Тавре ки сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар ҳамин рӯз, ҳамчунин дар яке аз кӯчаҳои шаҳраки Оби Гарм фаромадани ярч ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа маҷрои дарёи Кундаланг қисман маҳкам шуда, ба се иншооти ёрирасони сокинон зарар расонид.
Дар ин рӯз фаромадани ярч дар ҷамоати Нусратулло Махсуми деҳаи Шули ноҳияи Рашт низ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он иншооти ёрирасони як сокини маҳаллӣ қисман зарар дид. Илова бар ин дар ин деҳа фаромадани ярч ба 22 хочагӣ таҳдид мекунад.
Бо мақсади пешгирӣ намудани талафот аз тарафи кормандони Кумита дар якҷоягӣ бо намоянагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ-тарғиботӣ баргузор гашта, аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуд. Дар паи ин офатҳои табиӣ ягон қурбонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ