Борони пуршиддат зарарашро ба роҳҳои Бадахшон расонд (аудио)
Имрӯз, 8-уми ноябр, тахминан соати 05:50 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар километри 352-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз, ки аз ҳудуди деҳаи Умараки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвози ВМКБ убур мекунад, сел омадааст.
Дар айни замон ин роҳ баста шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, 8 ноябр, тахминан соати 06:05 дар километри 447-уми шоҳроҳи Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ, ки аз ҳудуди деҳаи Хехики Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мегузарад, сангрезӣ ба қайд гирифта шуда, роҳ муваққатан баста шуд. Корҳо барои рафъи оқибатҳои резиши санг идома доранд.
Бино ба иттилои ширкати роҳсозии IRS, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд барои ҳаракати мошинҳои вазнин ба ду самт баста ва барои мошинҳои сабукрав боз аст.
Дирӯз, 7 ноябр низ бар асари бориши шадид роҳҳои маҳаллии чанд минтақаи кишвар фурӯ рафтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ