Муаррифии таъомҳои миллии тоҷикӣ дар Донишгоҳи Хиросимаи Ҷопон

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муаррифии таъомҳои миллии тоҷикӣ дар Донишгоҳи Хиросимаи кишвари Ҷопон хабар дод.

— Ҳамасола чун анъана дар моҳи ноябр бахшида ба Рӯзи кушодашавии “Мактаби олии рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ” чорабинии фарҳангӣ — фароғатӣ бо иштироки ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони раёсати донишгоҳ, донишҷӯён, магистрон ва докторантон аз кишварҳои гуногуни олам, ки дар Донишгоҳи Херосимаи кишвари Ҷопон таҳсил мекунанд, дар шароити мутантан баргузор карда мешавад. Чун анъана дар ин чорабинӣ донишҷӯён бо пешниҳоди анвои таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ кишвари худро муаррифӣ менамоянд. Имсол чорабинии мазкур дар саҳни донишгоҳ баргузор гардида, аввалин маротиба аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷкистон Сазовор Муродов, Аминҷон Пиров, Фарибо Идибекзода, аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳ Аскарзода, Рустамҷон Умаров, аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Мирзоев бо пешниҳоди таъомҳои миллӣ, намунаи дастдӯзиҳои фарҳанги миллӣ, маълумоти зарурӣ дар бахши сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни намояндагони кишварҳои гуногуни олам муаррифӣ намуданд,- зикр менамояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар чорабинии мазкур аз ҷониби хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хӯроки миллӣ — оши палав, ки ҳамчуни таоми миллии тоҷикон аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудааст, пешниҳоди иштирокчиён гардидааст.

Дар чорабинии мазкур донишҷуён, магистрон ва докторантон аз кишварҳои Амрико, Олмон, Ҳоланд, Чин, Малайзия, Индонезия, Шриланка, Бангладеш, Африқо, Мозамбик, Уганда, Миср, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Лаос, Филиппин, Ветнам, Муғулистон, Ҷопон, Бутан, Непал иштирок кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *