Борон. Баҳонаи хубе барои ситоиш аз фаъолиятҳои як ҳамкасб (аудио)

Ахиран, баъд аз гармову ба дами нафас кашидани чангу ғубор ҳаво боронӣ шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар дод, ки аз 18 то 20-уми октябри соли 2022 дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоиду боронӣ дар назар дошта шудааст.

Вақте ин хабарро нашр кардам, дӯсте шӯхиомез гуфт: “Шумо журналистҳо фақат фолбинӣ мекунед ва ҳамеша таъбирҳоятон хому хатала мебароянд”. Кинояаш маълум буд. Яъне, чун садҳо дигар одамон, ба пешгӯиҳои Агентии ҳавошиносӣ бовар надошт. Сухани танзомезашро дарк кардам ва гуфтам, ки тоқат кунад, ҳоло вақт ҳаст.

Худи ҳамон рӯз, 18-уми октябр кам-кам борон борид. Субҳи 19-уми октябр, вақте аз хона ба кор меомадам, борон беист меборид. Қазияи дирӯза ба ёдам расид. Ба худ гуфтам, ки “ин бор бо он дӯст рӯ ба рӯ шавам, ҳатман аз нодурустии тахминаш ёдовар мешавам”.

Хушҳол аз он будам, ки пешгӯии Агентии ҳавошиносӣ дуруст баромаду на танҳо масъулини ин ниҳоду КҲФ, балки маро низ ноҳинҷор накард.

Аммо ҳоло гап сари амалӣ гаштан ё нагаштани пешгӯиҳои Агентии ҳавошиносӣ нест. Андеша маро ба фикри фаъолиятҳои пайваставу фаврии масъули иттилооти КҲФ Умеда Юсуфӣ мебарад. Ҳама ҳамкасбон шоҳидем, ки ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар хати телефони хизматӣ то чӣ андоза фаъол аст. Чанд нафар котибони матбуотии фаъоли дигар ҳам дорем, ки бисёриҳо онҳоро хуб мешиносанд, чун корашон мураттаб аст. Вале, боз котибони матбуотие низ дорем, ки шояд қисми зиёдамон онҳоро умуман нашиносем.

Бо баҳонаи борон аз як нафар ҳамкасбамон ситоиш кардем. Боз як умедворӣ ҳаст: боварӣ дорем, ки котибони матбуотии ниҳодҳои мухталиф бо вазорату идораҳо, хусусан мақомҳое, ки фаъолияташон ба якдигар наздикӣ дорад, ҳамкории беҳтареро ба роҳ мемонанд.

Ку бинем, кӣ пештоз мешавад?…

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *