Файзобод: Мулоқоти вакилон дар Филармонияи халқии ба номи Нигина Раупова (аудио)
Дирӯз дар толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауповаи ноҳияи Файзобод вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон ва фаъолони ноҳия доир гардид.
Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Файзобод, дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Наҷмиддиён, раиси ноҳия Бобишо Холзода, муовини аввали раиси ноҳия Амонализода Ҷаҳонбек, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар сокинони ноҳия иштирок доштанд.
– Вакилон дар атрофи аҳамияти таърихии Илосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд. Ҳамзамон, вобаста ба мавсими зимистонгузаронӣ, захира намудани маводи ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар қитъа замин, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ ва дигар мавзуҳои муҳими рӯз суханронӣ карданд,- меафзояд манбаъ.

Инчунин, дар идомаи мулоқот раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода зикр намудааст, ки “бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корҳои азими созандагӣ роҳандозӣ гардида, мардуми ноҳия дастовардҳои даврони истиқлолро дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва ободу пешрафта гардонидани кишвари азизамон медонанд ва онро қадр менамоянд”.
– Мардуми шарафманд ва сарбаланди ноҳияи Файзобод сиёсати сулҳдӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ободониву пешрафт ва шукуфоӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амният ва суботи комили кишвар ҳиссаи арзанда гузошта, баҳри ободу зебо гардонидани як гӯшаи Ватан аҳлона тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод минбаъд низ тамоми имкониятҳо ва саъю кӯшиши худро барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар намуда, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳад гирифт,- гуфтааст раиси ноҳия.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ