Бояд диндоронро ба мактаб орем… (идомаи мусоҳиба)
Давоми суҳбати ошкоро бо собиқ раиси Бонки миллӣ, ҳоло директори Институти иқтисод ва демографияи АМИТ, профессор Шариф Раҳимзода
Аз монополия то фоизи баланди қарз
— Дар мавриди монополия дар бозори Тоҷикистон чӣ назар доред? Зеро баъзан дар ҷомеа гарон шудани ягон намуди маҳсулотро ба монополия ва дасти гурӯҳҳои алоҳида вобаста медонанд.
— Албатта, ширкатҳои монополистӣ ҳастанд. Монополия гуфта, яъне дар бозор зиёд будани ҳиссаашонро меноманд. Аслан, ду шакли монополия ҳаст: пинҳонӣ ва воқеӣ. Масалан, яке молро мефурӯшад ва ҳаракат мекунад, ки дигарон дар ин бозор мавқеъ надошта бошанд. Ин ҳам вобаста ба талаботи аҳолӣ ба миён меояд. Бинобар ин, ҳар кас мехоҳад дар бозор якум бошад ва бештар маҳсулот фурӯшаду мизоҷ пайдо намояд.
— Аз баланд будани фоизи қарз дар бонкҳои Тоҷикистон ҳам бисёр мегӯянд. Шумо дар гузашта раиси Бонки миллӣ будед, чаро фоизи қарз дар бонкҳои мо ин қадар миёншикан аст?
— Якум, меъёри қарз бояд аз сатҳи таваррум каме боло бошад. Ба ҳисоби миёна сатҳи таварруми мо 6-7 фоиз аст. Дуюм, ин вобаста ба талаботи аҳолӣ аст. Қарз ҳам мол аст, ки онро мефурӯшанд. Фоизи қарз нархи қарз аст. Бонкҳо низ талаботи аҳолиро нигоҳ карда, қарз медиҳанд. Агар талабот нест, он вақт бонкҳо фоизи қарзро кам мекунанд ё намедиҳанд. Аз ин лиҳоз, то замоне талабот ба қарз зиёд аст, фоиз баланд боқӣ мемонад.
— Ояндаи иқтисоди Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳед?
— Ҳоло раванди ҷаҳонишавӣ аст. Технологияи муосир бо суръати баланд пеш меравад. Яъне, мо ҳам ба рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ сахт пайвандем. Чунки хоҳем, нахоҳем, ин ба мо таъсир мерасонад. Рушди иқтисод низ ба потенсиали мо вобаста аст.
Аз як тараф, ҳамчун миллат ҳамин шеър моро куштааст. Аз ҷониби дигар, мо миллате, ки решаамон боқувват аст. Аз ҷиҳати ирсият боқувватем. Чунки то математик набошед, шоир намешавед. Мо метавонистем, ки ҳама физик ё математик шавем, лекин шароиту имконият даст надод. Ҳама шоир шудем. Бештарамон шеър мегӯем ва фикр мекунем, ки бо ҳамин бузургем…
— Такя ба чизе гӯед, ки он ба рушди иқтисод таъсир мерасонад?
— Боварӣ ба оянда. Ин такя мекунад ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ. Тоҷикистон бояд тинҷу ором бошад ва мо эмин бошем, меҳнат кунем ва созем. Ман ҳамавақт дар охири ҳар баромад шиоре дорам: Мо як давлате созем, ки дар он шароити беҳтар барои наберагон бошад. Онҳо ба шароит нигоҳ карда, мақсад мегузоранд, ки дар куҷо кору зиндагӣ кунанд. Бубинед, имрӯз ҳама чашм ба Русия ё Амрикову Аврупо доранд. Зеро мебинанд, ки дигарон мераванд. Ҳарчанд мо дар он ҷо хизматгорем.
— Ин таъсири чӣ бошад?
— Чунки донише, ки дорем, ба талаботи онҳо ҷавобгӯ нест. Мактабе, ки дорем, сатҳи таълим ба талаботи онҳо ҷавобгӯ нест. Донишҷӯе, ки донишгоҳи моро хатм мекунад, дар дигар донишгоҳ идомаи таҳсил карда наметавонад. Зеро низоми таълими мо дигар аст.
Диндоронро ҳам ба мактаб бояд овард
— Шумо дар донишгоҳ ба иқсодчиёни оянда дарс мегӯед. Аз дониши онҳо қаноатманд ҳастед?
— Чанд сол қабл дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар суҳбат бо шумо низоми кредитиро танқид карда будам. Ин на ба он хотир буд, ки низоми мазкур бад аст. Баръакс, ин низом ба психологияи мо мутобиқ нест. Ҳоло донишгоҳҳо ба низоми анъанавӣ баргашта истодаанд. Яъне, бевосита муаллим ва донишҷӯ.
Аз кӯдакӣ то калонсолӣ дар руҳияе тарбият меёбем, ки бояд моро идора кунанд. Ҳатто кӯдакони мо на ба хотири он мактаб мераванд, ки мехоҳанд, балки мо ба онҳо мегӯем, ки рав! Агар камтар имкон пайдо шавад ё сардӣ ояду мактаб муваққатан баста шавад, хурсанд мешавем. Аз ин шеваи кор бармеояд, ки мо талабот ба дониши дохилӣ надорем. Масалан, дар хориҷа аз хурдӣ медонанд, ки агар дониш нагиранд, ояндаи хуб надоранд. Мо бошем, инро намедонем.
— Ҳангоме ки ба донишҷӯён дарс мегӯед, мепурсед, ки барои чӣ меоянд ва чиро аз шумо умедворанд?
— Имрӯз дар донишгоҳ дарс мегӯям, намедонам барои чист, аммо қариб 80 фози донишҷӯён ба дарс меоянд. Ҳатто гурӯҳҳои иловагӣ ба дарси асосӣ ҳамроҳ мешаванд. Вақте ки бо онҳо суҳбат мекунам, аён мегардад, ки дониш гирифтан мехоҳанд.
— Чӣ бояд кард, то мардум бештар майл ба дониш дошта бошанд?
— Ҳоло зиндагӣ моро маҷбур мекунад, ки ҳарчи бештар рӯ ба дониш орем. Азбаски имрӯзҳо дар кишвар мактабҳои замонавӣ зиёд сохта шуда истодаанд, дар баробари ҷорӣ намудани фанҳои техникӣ, ба сифати таълим низ диққат бояд дод. Ҳамчунин, оила низ бояд дар раванди таълим иштирок кунад. Вақте ки кӯдак бесавод мешавад, танҳо мактабро гунаҳгор мекунем. Агар падару модар баробари мактаб дар раванди таълим фаъол бошанд, кӯдак саводи дуруст мегирад. Беҳуда нагуфтаанд, ки дар оилаи хуб модар баробари фарзанд як бори дигар мактабро хатм мекунад.
Аз ҷониби дигар, мо бояд диндоронро ба мактаб ҷалб намоем. Замони шӯравӣ ва ҳатто ҷанги шаҳрвандӣ баъзе диндорон озод эълон мекарданд, ки мактаб бояд набошад. Онҳо зидди мактаб буданд. То асри ХII илм дар мо тараққӣ карда буд. Файласуфи ислом Муҳаммад Ғаззолӣ як китобхонаи бузургро ба зимма доштааст. Ӯ рӯ ба тариқаи сӯфизм меорад. Дар ҷое хондам, ки ӯ аввал шоҳмотро ҳаром эълон мекунад, баъд риёзиёт ва илмҳои дақиқро. Азбаски иқтисодчӣ ҳастам, то куҷо воқеияти комил доштани онро аз олимон пурсидам. Бархе гуфтанд, ки Муҳаммад Ғаззолӣ, ки суннимазҳаб ва зодаи сарзамини Эрон буд, эрониҳо ин гуна далелҳоро нисбат ба ӯ баровардаанд. Вале баъдан, баромади як олими англисро дидам. Умуман, Осиёи Марказӣ дар вақташ хеле пешрафта будааст, вале бо як баромади Ғаззолӣ онҳо аз мактабу дониш даст кашиданд. Ҳатто, Ғаззолӣ олимонро кофир эълон кардааст. Пас аз ин таназзули илм сар шуд. Фақат мактабҳои динӣ монданд, ки мардум бояд қуръон мехонданд.
Масалан, то омадани инқилоби октябр таваҷҷуҳ ба мактабҳои динӣ буд. Бобоёни ман ҳам соҳибмактаб буданд ва таълим медоданд. Боз дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ аз забони муллоҳо шунидам, ки мактаб набояд бошад. Хусусан, аз ҷониби муаллимон ба даҳони кӯдакон об рехтан дар моҳи Рамазон, ин ба дасти муллоҳо як байрақ шуд.
Ҳоло фурсати он расидааст, ки ҳамин диндорон фарзандонро ба хондан талқин кунанд. Ба падару модарон насиҳат кунанд, ки фарзандонро хононанд. Зеро, агар мусалмони сарбаланд мехоҳем, мусалмони сарбаланд аз мактаб сар мезанад. Аз ҷойи дигар намеояд.
Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр!
— Назарам ба чанд китоби шумо афтод, ки онҳоро ба модаратон бахшидаед. Чаро?
— Зеро модарам муаллими аввалину беҳтарини ман буданд. Аз ин лиҳоз, китобҳое, ки барои донишҷӯён таълиф намудаам, ба модарам бахшида шудаанд.
Мусоҳиб: Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ