Даъвати президенти Ироқ ба Тоҷикистон

Президенти Ироқ Абдулатиф Ҷамол Рашид барои сафар ба Душанбе даъватнома гирифт.

Даъватномаро аз номи Эмомалӣ Раҳмон Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ супорид. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Ироқ иттилоъ додааст.

Зимни дидор Зубайдулло Зубайдзода аз тамоюли Тоҷикистон барои боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо миёни ду кишвар изҳори назар кардааст.

Президенти Ироқ ба аҳамияти густариши ҳамкориҳои ду кишвар ба ҳадафи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ ва зарурати боз кардани сафорати Тоҷикистон дар Бағдод таъкид кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *