суд

Хушдоман сабаби худкушии келин

Бибинос Исмоилова, сокини деҳаи Сафедчашмаи ҷамоати деҳоти Эсанбой ба гуфтаи додгоҳ барои он ба зиндон маҳкум шуд, ки мунтазам шаъну шарафи келинаш Гулнисо Абдуназарова ва модари як тифли хурдсолро паст зада, бо баҳонаҳои гуногун доимо ҷанҷол ва ӯро латукӯб мекардааст.

Дар ҳукми суд омадааст, ки Бибинос Исмоилова рӯзи 18-уми майи соли 2022 келинашро, ки аз хурдӣ ятим монда, дар назди бибиву бобояш бузург шудааст, ба дуздии 10 сомонӣ муттаҳам карда ва дар назди аҳли деҳа ӯро таънаву маломат задааст.

Гулнисо Абдуназарова, ки ба гуфтаи додгоҳ ҷабру азоби хушдоманро кашидааст, ин дафъа ба таҳқиру тавҳин тоб наовардааст ва шоми ҳамон рӯз дар ошхонаи хонаи хушдоманаш худро бо рӯймол ба дор овехта, ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *