Содир Ҷабборов

Харитаи соли 1924. Чаро он Содир Ҷабборовро нигарон кардааст?

Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон рӯзи 17-уми апрел бо оҷонсии давлатии кишвараш «Кабар» дар бораи ҳалли мушкили сарҳад бо Тоҷикистон суҳбат кард. Ӯ гуфт, ки дар ин маврид баъзе пешравӣ ҳаст, аммо дар умум кор «бисёр суст» ҷараён дорад.

Нигаронии Ҷабборов

Айни замон Ҷабборов аз он нороҳатӣ кард, ки барои ҳалли баҳси сарҳадӣ дар баъзе аз минтақаҳо истифода аз харитаи соли 1924 пешниҳод шудааст.

«Ҳалли масъала бар асоси харитаи соли 1924 на аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва на аз ҷиҳати ахлоқӣ муносиб нест. Дар соли 1924 на мо ва на онҳо давлати алоҳида набудем»,- афзуд Содир Ҷабборов.

Ҷониби Тоҷикистон ба изҳороти нави Ҷабборов вокуниш накардааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2022 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал гуфта буд, ки «Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати тавсифи хати сарҳади давлатӣ аз рӯйи ҳуҷҷатҳои муайянкунии миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ба созиш расидаанд».

Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар моҳи ноябри соли 2022 гуфта буд, ки то тобистони соли 2023 мушкили сарҳадро бо Тоҷикистон ҳал мекунанд, вале дар суҳбати рӯзи душанбе санаеро зикр накард. Ӯ гуфт, ки дар моҳи ноябр «кор босуръат ҷараён дошт», вале ҳоло суст шудаааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. 682 километри он мушаххас ва боқимонда ҳанӯз номуайян аст.

Харитаи соли 1924

Дарвоқеъ, дар гуфтушунидҳо бо Қирғизистон Тоҷикистон ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932 такя карда, бар ин назар аст, ки онҳо аз ҳамаи расмиёт гузаштаанд ва сарҳади давлатиро байни Тоҷикистону Қирғизистон тасдиқ мекунанд.

Дар ин ҳуҷҷатҳо дар бораи ҷудо кардани қаламрави миллии Осиёи Миёна дар солҳои 1924-1927 ва тасдиқи ниҳоии онҳо сухан меравад.

Тавре коршиноси масоили байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо менависад, ба таври дақиқтар, 24-уми ноябри соли 1924 аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади амалӣ сохтани нақшаи тақсимоти миллию маъмурӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъсиси ҷумҳуриҳои нав «Кумитаи барҳамдиҳии Осиёи Миёна» (Среднеазиатский ликвидационный комитет) таъсис дода шуд, ки то 17-уми марти 1925 корҳои фаннӣ ва ҳуҷҷатгузории тақсими ҷумҳуриҳои навтаъсисро анҷом дод.

Дар асоси хулосаҳои ин кумита, 29-уми сентябри соли 1925 Президиуми КИМ ҶШС Ӯзбекистон, ки дар он давра Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати ин ҷумҳурӣ буд, сарҳади давлатии байни ҶШС Ӯзбекистон ва ҶШС Федеративии Русияро, ки дар он давра Қирғизистони имрӯза ҳамчун «Вилояти мухтори Қароқирғиз» ба ҳайати он шомил мешуд, тасдиқ намуд.

Дар айни замон, 9-уми ноябри соли 1925 Президиуми КИМ Умумирусиягӣ сарҳади байни ҶШС Федеративии Русия ва ҶШС Ӯзбекистонро дар ҳамон ҳудудҳои муайяннамудаи кумитаи зикршуда эътироф ва тасдиқ кард. Ҳамин тавр, тақсимоти соли 1924 тамоми расмиёти муқарраршудаи давраи шӯравиро гузашта, расмияту қонунияти зарурӣ пайдо намуд.

Ҳангоми гирифтани мақоми ҷумҳурии иттифоқӣ дар соли 1936, Қирғизистон дар ҳамон сарҳадҳое, ки солҳои 1924-1927 ва 1932 тасдиқ шудааст, ташкил дода шуд.

Ворух анклав нест

Дар асоси ин харита ҷамоати Ворухи Тоҷикистон ҳеҷ гуна анклав набуд, замин ва роҳи мустақим Ворухро бо қаламрави боқимондаи ноҳияи Исфара мепайваст. Гузашта аз ин, бештари манотиқи баҳсбарангез дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буда, сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон то умқи марзҳои феълии Ҷумҳурии Қирғизистон мерасад.

Ин аст, ки Тоҷикистон дар музокироти марзӣ маҳз ба «Ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва соли 1932» такя мекунад. Асос ва зарурати инро коршиноси масоили байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар мақолаи худ таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” тариқи зайл шарҳ медиҳад:

1. “Ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932” ягона бастаи ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар онҳо сарҳадҳои давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи таъсиси ин давлатҳо ба таври дақиқ ва расмӣ муайян ва тасдиқ карда шудааст.

2. Ин ҳуҷҷатҳо ягона ҳуҷҷатҳоест, ки тамоми расмиёти байниҷумҳуриявӣ ва давлатиеро, ки Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ барои муайян кардани сарҳади байни ҷумҳуриҳои узви ИҶШС муқаррар намуда буд, ба пуррагӣ гузашта ва расмияти давлатӣ ёфтаанд.

3. Дар тамоми давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз истиқлоли давлатии кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, яъне аз соли 1932 то имрӯз ягон ҳуҷҷати дигари муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ин ду давлат ба тариқи расмиёти муқарраршуда дар сатҳи байниҷумҳуриявӣ ва сатҳи давлатии ИҶШС қабул нашудааст.

4. Агар ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927, ки ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳастанд, эътироф нагарданд ва сарфи назар шаванд, вазъияти сарҳадҳо ба ҳолати таърихии то барқарории Иттиҳоди Шӯравӣ бармегардад. Яъне он гоҳ сухан аз марзҳои Аморати Бухоро ва Русияи подшоҳӣ ва ҳатто хонигариҳои Хеваю Хуқанд меравад.

Дар чунин сурат ду тараф ҷонибият ё субъективияти худро дар музокироти сарҳадӣ умуман аз даст дода, ҳам мавзуъ, ҳам миқёс ва ҳам қоидаҳои музокирот комилан дигар мешаванд.

Мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. Маҳз ҳамин рақам 23-юми сентябри соли 2022 дар суханронии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *