«Бояришник» 60 нафарро кушта 40-танро маҷрӯҳ кард

Дар Иркутски Русия аз заҳролудшавии маҳлули тозасозии ҳаммом «Бояришник» 60 одам фавтидааст. Дар ин бора вазири минтақавии тандурстӣ Татяна Шкурская хабар медиҳад. Ба гуфтаи вай, 40 заҳролудшудаи дигар дар бемористон бистарист.

Бо гумони заҳролудсозӣ 11 нафар боздошт шудааст. Миёни боздоштшудаҳо соҳибкороне, ки ин маҳлулро ба таври чакана фурӯхтаанд, низ ҳастанд.

Заҳролудшавии саросарӣ аз маҳлули назофатӣ барои ҳаммом — «Бояришник», ки дар таркибаш спирт дорад, дар шаҳраки Ново-Ленинои Иркутски Русия рух дод. Сар аз шоми 17 декабр заҳролудшудаҳо ба беморхона муроҷиат карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *