Вазъи боду ҳаво

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Тибқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 12 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ба қайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 3 то 8 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят то 5 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон рӯзона ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе маврид тумани ғафс мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *