Боз аҳдшиканӣ ва тирпарронӣ дар марз (аудио)
Муноқишаи субҳи сешанбеи 14 июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боис ба ҳалокати марзбони 26-солаи тоҷик шудааст.
Ҳарчанд мақомоти расмии Тоҷикистон доир ба ин ҳодиса иттилоъ надодаанд, аммо “Озодӣ” дар такя ба манбаъҳои худ дар Исфара мегӯяд, ки марзбони кушташуда аз ноҳияи Ҷайҳун мебошад. Ҳоло ин сарбози кушташуда дар сардхонаи яке аз бемористонҳои Исфара нигаҳдорӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса тақрибан соати 7-и субҳ дар минтақаи Булак-Баши, дар рӯ ба рӯи постгоҳи «Кех»-и Тоҷикистон рух додааст. То кунун кадом ҷониб дар ин ҳодиса айбдор аст, маълум нест.
Давоми даҳ рӯзи ахир ин бори дуюм аст, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сарҳадбонони ду кишвар тирандозӣ сурат мегирад. Рӯзи 3-юми июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сарҳадбонони тоҷику қирғиз тирандозӣ сар зад ва ба гуфтаи мақомоти Бишкек ду сарҳадбони он кишвар захмӣ шудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам дар изҳороте гуфт, тирандозӣ рӯзи 3-юми июн соати 10:40 ба вақти маҳаллӣ ва баъди он рух дод, ки «сарбозони қирғиз барқасдона ба маҳалли назорати посгоҳи марзи “Кех” дар маҳаллаи Ворухи шаҳри Исфара ворид шуданд».
Тақрибан нисфе аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин сабаб байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ муноқиша сар мезанад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ