Раиси Файзобод мардумро ба муносибати 91-солагии ноҳия табрик гуфт

Имрӯз, 14-уми июн, ки рӯзи таъсисёбии ноҳияи Файзобод аст, раиси ноҳия Бобишо Холзода мардумро табрик гуфт.

Дар табрикномаи раиси ноҳия омадааст:

— Кулли мардуми Файзобод ва файзободиҳои бурунмарзиро ба муносибати 91-солагии ноҳияи Файзобод муборакбод гуфта, барояшон сарбаландӣ, комёбӣ ва бурдбориҳои нав ба навро таманно дорам.

Имрӯзҳо мардуми шарафманди ноҳияи Файзобод шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар намуда, барои ободу зебо гардонидани як гӯшаи Ватани худ ҳамеша дар талош ҳастанд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, иқдомҳои  созандаи давлату Ҳукумат дар гӯшаву канори Файзобод ташаббусҳои ободониву бунёдкорона вусъати тоза касб кардаанд. Роҳҳои мумфарш, кӯчаву гулгаштҳои тозаю озода, корхонаҳои навбунёд, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ далели ин гуфтаҳоянд. Бо чунин раванди фарогири созандагиҳо, симои ноҳия боз ҳам зеботару пурҳашаммат мегардад. Дар пешрафту ободии ноҳия сокинони он саҳми калон доранд.

Бори дигар ин рӯзи таърихиро ба ҳар як сокини ноҳия табрик гуфта, ба онҳо хонаи обод ва дар кору пайкорашон муваффақиятҳои навро таманно дорам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *