Боз даҳ иловаи муфид: “MeгаФон Life” мавқеи худроҳамчунмуфидтарин SuperApp дарТоҷикистон таҳким бахшид
Дар соли 2023 дар замимаи мобилии «МегаФон Life» зиёда аз 10 функсияи нав пайдо шуд. Ба туфайли ин, SuperApp-и ширкати МегаФон Тоҷикистон ба яке аз замимаҳои бештар боргиришаванда ва шояд фаъолтарин дар кишвар табдил ёфтааст.
«МегаФон Life» ҳамасола бо функсияҳои нав пурра карда мешавад, вале соли 2023 онҳо аз интизориҳои корбарон ҳам бештар буданд. «МегаФон Тоҷикистон» дар сафи аввалинҳо ба истифодабарандагон имкон дод, ки ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ ва маблағи харидҳоро дар «Ҳамён»-и замима тариқи QR-и ягона пардохт намоянд. Барои харидани чиптаҳо ба кино, театр ва намоишгоҳҳо қисми «Таблиғот» роҳандозӣ гардид. Оператор якҷоя бо Fly.tj хизматрасонии бронкунӣ ва пардохти чиптаҳои ҳавопайморо бо имкони интихоби ширкати ҳавопаймоӣ, хатсайр ва дараҷаи ҷойҳои мусофирон роҳандозӣ намуд. Дар дохили шаҳри Душанбе хизматрасонии нави “Дорухона” барои фармоиш додани доруворӣ ва молҳои тиббии зарурӣ бо расонидан ба хона фаъолият дорад. Акнун метавонем бевосита дар замима аз «Пардохти боваршуда» истифода бурда, дар алоқа бимонем ва дар сурати нарасидани маблағ, оператор суратҳисоби муштариро ба маблағи аз 1 то 150 сомонӣ пур мекунад. Он бояд дар давоми 24 соат баргардонида шавад.
Имкониятҳои аллакай маълуми «МегаФон Лайф» — интиқоли маблағҳо, гирифтани қарзи «Орзу» то 50 ҳазор сомонӣ, пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ХМК дар саросари кишвар маҳсуб меёбанд. Ҳатто функсияҳои чандин сол амалкунанда низ мукаммалтар мешаванд. Ҳамин тариқ, имсол кормандон-мушовиронро дар замима чат-боти ҳушёри Dono AI, ки дар асоси технологияҳои зеҳни сунъӣ кор мекунад, иваз намуд. Натиҷа дар он аст, ки муштариён ба саволҳои намунавӣ дар як лаҳза ҷавоб мегиранд ва аз интизории навбати худ озод мешаванд. Хизматрасонии маъмулии интиқоли маблағ низ рушд мекунад, аз ҷумла шумораи кишварҳое, ки дар онҳо хизматрасонии мазкур барои корбарони «МегаФон Life» дастрас аст, бештар мегардад.
«Мо ба сокинони Тоҷикистон дар ҳалли даҳҳо масоилу мушкилоти ҳаррӯза тавассути смартфон кӯмак мекунем. Гузашта аз ин, хизматрасониҳои молиявию техникӣ дар замима пайваста рушд мекунанд. Ба туфайли ин, тайи 12 моҳ шумораи истифодабарандагони «Ҳамён»-и замимаи «МегаФон Life» то 50% зиёд шуда, ҳаҷми пардохтҳо тариқи «Ҳамён» дар ҳаҷми 96%, яъне қариб ду баробар, афзуд. Дар баробари такмилдиҳии «МегаФон Life», мо кӯшиш дорем, ки онро ба воситаи гуногунвазифа ва ёвари қулайтарин табдил диҳем», – мегӯяд роҳбари хадамоти маркетинги ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Зебуниссо Эргашева.
Боргирии замимаи «МегаФон Life» бо суроғаи ссылке.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ