Боздиди Раиси вилоят аз Маркази саратоншиносии вилояти Суғд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят бо сохтмони бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд шинос гардид.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 6 ошёна иборат аст. Бинои нав бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ба ҳисоб меравад. Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, барои босифат ва сари вақт иҷро намудани корҳо сохтмончиён машғули кор мебошанд. Дар бинои нав ҳуҷраҳо барои 150 кат, шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ ҷойгир карда мешаванд. Ҷоизи зикр аст, ки Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд хизмат мерасонад.

дорои шуъбаҳои эҳё, мулоиҷа, ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимёвӣ, табобати нурафканӣ буда, барои қабул, ташхису муоина ва пешгирии беморӣ мутахассисони баландихтисос, ки мунтазам дар кишварҳои перафта таҷрибаомӯзӣ мекунанд, фаъолият доранд. Ба иттилои масъулин Баҳром Ахмедов, саратоншинос ва мутахассиси соҳа, ки айни ҳол дар Федератсияи Россия кору фаъолият дорад, тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби худаш як қатор дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббиро дастрас гардонад. Раиси вилоят ба иқдоми Баҳром Ахмедов баҳои баланд дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии корҳои сохтмони ба масъулон дастуру суппоришҳои мушаххас дод. Сипас, Раиси вилоят дар Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд бо лоиҳаи бинои нави марказ шинос шуд.

Бинои иловагӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат аст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино шароити корӣ боз ҳам беҳтар мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *