Боз фоҳишахонае дар Варзоб
Мақомоти милиса рӯзи 4 сентябр маъмури яке аз истироҳатгоҳҳои воқеъ дар дарааи Варзобро бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир карданд. Ӯ шаби 3 ба 4 сентябр ба ду марду ду зан дар истироҳатгоҳ «барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, 700 сомонӣ мукофот гирифтааст.”
Табдил додани истироҳатгоҳ ба фоҳишахона
Рӯзи 4-уми сентябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ноҳияи Варзоб, хизматчии маъмури (администратори) яке аз истироҳатгоҳҳо, воқеъ дар ноҳия Варзоб бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда шаби 3-юм ба 4-уми сентябри соли равон, тахминан соати 00:30-дақиқа, истироҳатгоҳи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 48-сола ва зани 36-солаи сокинони шаҳри Душанбе, марди 53-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 700-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ