Пирӯзии бузурги мунтахаби наврасони Тоҷикистон

Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми президенти  Қазоқистон айни замон байни мунтахабҳои 16-солаи  8 кишвар  дар шаҳри  Талгари ин кишвар  ҷараён дорад.

Дастаҳо ба гурӯҳҳои «А» ва «В» ҷудо карда шуданд. Дар гурӯҳи «А» мунтахабҳои Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Албания байни ҳам вомехӯранд. Ба гурӯҳи «В» дастаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон-2 ва Русия шомил шудаанд. Дар хар ду гурӯҳ дирӯз бозиҳои нахустин доир гардиданд.

Мунтахаби ҷавонони 15-солаи Тоҷикистон  дар бозии аввалинаш  ба дарвозаи дастаи  Қазоқистон-2 6 голи беҷавоб зада, ғолиб омад. Шогирдони Зайниддин Раҳимов отличились Ҷонибек Шарипов ва  Рустам Соиров дуголӣ ва Эмомалӣ Аҳмадхону Ислом Зоиров муаллифони якголӣ шуданд.

Дар гурӯҳи «В» бозии байни мунтахабҳои Россия – Ӯзбекистан  2:0 бо пирӯзи фтболбозони навраси Русия ба анҷом расид.

Бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «А» миёни мунтахабҳои Албания – Гурҷистон  бо ҳисоби калони 0:5 ба фоидаи гурҷиҳо қайд шуд. Соҳиби майдон  мунтахаби Қазоқистон ҳамтоёниашонро аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳис оби камтарини 1:0 мағлуб карданд.

Бозиҳои даври дуюм имрӯз баргузор шуд. Футболбозони навраси тоҷик ҳамсолонашонро аз Ӯзбекистон  қабул соати 13.00 мекунанд.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *