Зани якуми ҳочӣ зани дуюму кӯдаконашро оташ зад

Дар ноҳияи Ҷарқӯрғони вилояти Сурхондарёи Узбекистон як зан шаби 30 ба 31 август зани дуюми шавҳарашро бо ду кӯдаки ӯ кушта, сипас ҳарсеро оташ задааст. Ин ҳодиса вақте рух дод, ки шавҳари ин ду зан дар сафари Ҳаҷ буд.

Сафари Ҳаҷҷи соҳибкор Холмурод Бӯронов аз ноҳияи Ҷарқӯрғони вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Сурхондарёи Узбекистон фоҷиаи сахтеро дар пай дошт.

Вақте Холмурод Бӯронов дар водии Минову кӯҳи Арафот маносики Ҳаҷро ба ҷо меовард, дар Узбекистон муноқишаи байни ду ҳамсари ӯ ба куштор печид. Ҳамсари аввали Бӯронов – Назира Тошмуродова бо кӯмаки писари 18-солааш Элмурод Бӯронов шаби 30 ба 31 август зани дуюми шавҳараш Раъно Абдумӯминова ва ду кӯдаки хурдсоли ӯро кушта, сипас хонаи онҳоро оташ задааст.

Як манбаъ дар додситонии вилояти Сурхондарё бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодлик” гуфт: «Сокини ноҳияи Ҷарқӯрғон Холмурод Бӯронов ба тиҷорати маводи сохтмон машғул буд, Ҳамсари калонии ӯ Назира Тошмуродова ҳамсари хурдии Бӯронов – Раъно Абдумӯминоваро кушт. Ин зан бар асари латукӯб ҷон додааст. Сипас вай хонаи зани дуюми шавҳарашро, ки ду кӯдаки хурдсол дар дарунаш буданд, оташ задааст. Ҳангоми сӯхтор бадани худи Назира Тошмуродова ва писари 18-солааш Элмурод Бӯронов, ки дар ин ҷиноят ба модараш кӯмак мекард, низ аз чанд ҷо сӯхтааст.”

Як фаъол аз маҳаллаи «Бағара”, ки Холмурод Бӯронов дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад, гуфт, ки ӯ зани дуюмашро аз ноҳияи ҳамсояи Қумқӯрғон оварда буд: «Вай аз зани дуюмаш як духтари чорсола ва як писари дусола дошт. Шаби 30 ба 31 август зани калонии Бӯронов бо писараш ба хонаи Раъно Абдумӯминова омаданд. Назира кундошашро кушта, барои пӯшондани изи ҷинояташ хонаро оташ задааст. Вале шарораи оташ ба бадани худи ӯ ҳам мерасад ва писараш кӯшиш мекунад, ки модарашро аз сӯхтан наҷот диҳад. Баъди ба хона баргаштан вай ба дарди захмҳои сӯхтагӣ тоқат наоварда, маҷбур шудааст, ки ба беморхона муроҷиат кунад.”

Ин манбаи «Озодлик” афзуд, азбаски сӯхтор ними шаб рух дод, хомӯш карданаш тӯл кашид: «Сӯхтани хонаро аввал нозири минтақавии милиса дида, ба хадамоти сӯхторнишонӣ хабар додааст. Вақте сӯхторнишонҳо расиданд, тамоми хона алакай дар коми оташ буд. Онҳо танҳо баъди ду соат тавонистанд сӯхторро фурӯ нишонанд. Экспертҳо аз дохили хона ҷасадҳои Раъно ва ду кӯдаки хурдсоли ӯро, ки пурра сӯхта буданд, берун кашиданд.”

Дар бемористони ноҳияи Ҷарқӯрғон гуфтанд, ки 70 фоизи бадани худи Назира Тошмуродова ва 30 фоизи бадани писари ӯ Эдмурод низ сӯхтааст: «Вазъи зан хеле вазнин аст, ӯ то ҳол аз ҳолати шок берун нашудааст. Вазъи писараш сабуктар аст, мо ӯро табобат карда истодаем.”Корманди бемористони Ҷарқӯрғон афзуд, ки палатае, ки Назира Тошмуродова ва Элмурод Бӯронов таҳти табобат қарор доранд, аз ҷониби кормандони милиса посбонӣ мешавад.

Дар робита ба ин ҳодиса додситонии Ҷарқӯрғон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Ин бори аввал нест, ки ҷанҷолҳои хонаводагӣ дар Узбекистон боиси чунин оқибатҳои фоҷиаомез ва оташзаниҳо мешаванд.

Моҳи феврали соли 2016 дар Бухоро як марди 47-сола дар ҳолати мастӣ хонаи волидонашро бензин рехта, оташ зад. Ӯ дари хонаро қуфл ҳам кард, то падару модараш наҷот наёбанд. Вале пиру кампирро келини онҳо, ки баъди баланд шудани садои доду фарёдашон расида омад, аз ин марги ногузир бо дасти фарзанд наҷот дод.

Дар ибтидои моҳи августи соли равон сокини 51-солаи деҳаи Олчини ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғона ба сару рӯи писари 27-солааш бензин рехта, ӯро оташ зад. Гуфта мешавад, падар барои ҳоҷате мошини писарашро пурсидааст, вале вақте писар бо ин баҳона ки кор дорам, мошинро надодааст, падар аз сари ҷаҳл бензинро гирифта, қасди ҷони писарашро кардааст.

Як ҳодисаи ҳамчунини дигар низ дар ҳафтаи гузашта ва низ дар ҳамон вилояти Сурхондарё дар хонаводаи Ҳаитовҳо дар кӯчаи Т.Мирзоеви шаҳри Тирмиз рух дод.

Келини ин хонавода дар пайи баҳси манзил бо хушдоманаш аз сари ҷаҳл он хонаи баҳсиро оташ зад. Дар натиҷа хушдомани 72-солаи ин зан ба ҳалокат расида, писари 10-солаи худи ӯ Расул Ҳаитовбо 70 фоиз бадани сӯхта дар ҳолати вазнин дар бемористон таҳти табобат қарор дорад.

Яке аз ҳамсояҳои ин зан мегӯяд:»Шавҳари ӯ 10 сол боз дар Русия аст ва хушдоман аз ин ҳол ба ҷон омада, келинашро гуфтааст, ки баромада рав, дар гардани мо бор нашав. Аммо келин мегӯяд, ки ин хона аз ӯст ва ҷое намеравад. Баъди ин муноқиша зан як канистра бензинро дар атроф ва даруни хона рехта, онро оташ мезанад.”

Ба зидди ин зан ҳоло бо иттиҳоми куштор ва сӯхтори барқасдона парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *