Боз ихтилоф дар марз
Дар минтақаи наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Лайлаки Қирғизистон миёни сокинони наздимарзӣ нофаҳмӣ сар задааст.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, сарҳадбонони қирғиз нагузоштанд, ки сокинони ҷамоати Овчӣ-Қалъача атрофи мактаби рақами 8-ро тоза кунанд. Аммо ҷониби Қирғизистон мегӯянд, сокинони Тоҷикистон мехостанд дар қитъае корҳои поккорӣ анҷом диҳанд, ки минтақаи баҳсӣ аст.
Нофаҳмӣ дар миёни сокинони наздимарзии ноҳияи Бобоҷони Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон пеш аз зуҳри 5-уми август сурат гирифтааст.
Ғайратҷон Гадобоев, раиси ҷамоати Овчӣ Қалача рӯзи 5-уми август гуфт, як гурӯҳ аз сокинони ин ҷамоат мехостанд пеш аз Иди Қурбон атрофи мактабро тоза кунанд. Аммо ба гуфтаи Гадобоев, як гурӯҳ аз марзбонони қирғиз монеи ин кор шуда, гуфтаанд, гӯё ин минтақа баҳсӣ аст.
«Сарҳадчиёни қирғиз омада гуфтанд бароед, инҷо ҳудуди шумо нест. Камтар баҳс шуд. Аммо инҷо ҳудуди Тоҷикистон аст»,-гуфт Гадобоев. Ба гуфтаи раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача, сарҳадбонони қирғиз дар бари худ силоҳ доштанд ва феълан марзбонони тоҷик бо онҳо гуфтугӯ карданд.
Аммо Гулмира Борубаева, сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон гуфтааст, сокинони Тоҷикистон мехостанд дар маконе корҳои поккорӣ анҷом диҳанд, ки феълан ба кадом тараф мутааллиқ буданаш маълум нест. Ба гуфтаи хонум Борубаева, ин қитъа баҳсӣ аст ва дар он ҳеҷ гуна кор анҷом додан мумкин нест.
«Вақте, ки дар майдони футбол шаҳрвандони Тоҷикистон барои поксозии онҷо ҷамъ омаданд, сарҳадбонони қирғиз омада ба онҳо фаҳмонданд, ки дар инҷо ҳеҷ гуна коре анҷом додан мумкин нест. Зеро ин қитъа, қитъаи марзии баҳсӣ аст. Дар ин ҳолат баҳс ба миён омад, вале баъди корҳои фаҳмондадиҳӣ шаҳрвадони Тоҷикистон майдони футболро тарк карданд»,-гуфт сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон.
Гулмира Борубаева афзуд, ба ҷойи ҳодиса раисони ҳарду ноҳияи марзӣ ва намояндагони сарҳадбонӣ омада мулоқот намуданд ва вазъро баррасӣ карданд, то инки чунин ҳолатҳо дар минтақаҳои баҳсӣ дар оянда пеш наояд. Борубаева афзуд, сокиноне, ки дар марз ҷамъ омаданд, пароканда шуданд ва вазъ феълан ором аст.
Дар аксҳое, ки аз минтақаи баҳс ба шабакаи «Фейсбук» роҳ ёфт, дида мешавад, ки як гурӯҳ шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон дар назди маҳале монанд ба майдони варзишӣ ҷамъ шудаанд. Ҳамроҳ бо онҳо марзбонони қирғиз ва тоҷик низ дида мешаванд.
Соли гузашта дар ҳамин макон миёни сокинони наздимарзӣ низоъ сар зада буд. Моҳи июни соли гузашта дар пайи як муноқиша дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак, ҷониби Қирғизистон се марзбони тоҷикро бо чаҳор автомати «Калашников» ба ҳудуди худ бурданд. Ҳодиса он вақт пас аз он рух дода буд, ки ду шаҳрванди Қирғизистон хостаанд, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, молу колояшонро ба фурӯш гузоранд. Марзбонҳои тоҷик монеи онҳо шуданд.
Муноқиша миёни сокинон дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон зуд-зуд рух медиҳад. Дар муноқишаҳои ахири марзӣ, ки рӯзҳои 22 ва 23-юми июли имсол миёни сокинони Ворухи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рух дод, як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва чандин нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.
Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Борҳост, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва хунрезӣ кардаанд.
Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъйин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ