Таркиши анбори аслиҳа дар Красноярск (Видео)

Дар Красноярски Русия имшаб интиқоли шаш ҳазор сокини ноҳияи Ачинскийро ба ҷои амн оғоз карданд, ки дар минтақаи хатарнок ба сар мебаранд. Дар ин бора раҳбари Красноярск Александр Усс иттилоъ дод.

Александр Усс гуфт, хабарҳо дар бораи осеби сокинон гуногунанд ва аз 5 то 8 кас захмӣ шудаанд, ки феълан дар беморхона мебошанд.

Ба гуфтаи ӯ, ба маҳалли ҳодиса мутахассисони Вазорати дифои Русия сафарбар шудаанд. «Шаҳри Ачинский худ баъзе аз мушкилиҳои муайян дорад», — афзуд ӯ. Истилоҳи «мушкилиҳои муайян»-ро мансабдорони рус одат замоне истифода мебаранд, ки наметавонанд ҷузъиёти ҳодисаро ба сокинон бе иҷозати «боло» шарҳ диҳанд.

Ба иттилои телевизионҳои маҳаллии ТВК ва NGS24, 5 август дар анбори аслиҳаи як қисми низомӣ дар Ачинский сӯхтор сар задааст. Хабаргузории ТАСС навишт, дар ду майдоне, ки ҳудуди 40 ҳазор гулӯла нигаҳдорӣ мешуд, оташсӯзӣ ба амал омадааст.

Ин анбор дар деҳаи Каменка, дар 10-километрии Ачинский ҷойгир аст.

Манбаи хабаргузории «Интерфакс» гуфт, дар баробари сокинони Каменка аҳолии минтақаҳои дигаре низ кӯчонида хоҳад шуд, ки дар 20-километрии анбори аслиҳа ҷойгиранд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дертар хабар дод, ки ҳудуди ҳазор одам аллакай ихтиёрӣ хонаҳои худро тарк кардаанд. Ин хабарро раҳбарияти Ачинский низ тасдиқ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *