Боз кӯдаккушӣ, аммо ин дафъа дар Ӯзбакистон!

  Зани 26-солаи  ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон тифли 11-моҳаашро ба Канали калони Фарғона партофтааст. Тавре «Сентралазия» хабар медиҳад,  ин зан баъди он ки марди ҳамзисташ падарии кӯдакро рад карда, аз пардохти алимент ҳам саркашӣ намудааст, дар фикри нобуд сохтани «хӯрандаи зиёдатӣ» мешавад. Бо ин мақсад тифлро дар парпеч печонида, шомгоҳон онро ба Канали калони Фарғона бурда мепартояд. Ҷисми тифлро баъди ду рӯз деҳқоне аз об пайдо кардааст.

Як манбаъ аз мақомоти қудратӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки, ин зан ду маротиба шавҳар кардааст.

«Вай аз ҷумлаи занҳои сабукпост», — мегӯяд манбаъ аз мақомот. Бо марде бо номи Д.П. ба сар бурда, баъди ҷудоӣ зан бо умеди дарёфти алимент ба додгоҳ даъво бурдааст. Аммо Д.П. дар додгоҳ гуфтааст, ки тифл аз вай нест. Ба далели ин ки зан натавонистааст алимент бирӯёнад, дар авҷи хашму ғазаб тасмим гирифтааст, ки худу фарзандашро ба об партояд. Вай ибтидо кӯдакро ба об партофта, аммо худаш аз тарс худдорӣ кардааст.

— Ҷисми кӯдак аз замини деҳқоне пайдо шудааст, — мегӯяд манбаъ дар мақомоти қудратӣ.

Аммо манбаъи дигар мегӯяд, ин зан аз ҷумлаи «занҳои сабукпо» набудааст. Вай дар пайи душвориҳои молӣ дар ҳолати сангини равонӣ ба сар мебурдааст.

Дар ҳоли ҳозир зан бо гумони қатли фарзандаш боздошт шудааст. Нисбати вай бо моддаи «Куштори барқасдона» парванда таъсис шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *