Боз “Корвон” сӯхт?

Соати дувоздаҳи рӯзи 3 октябр бар асари таркидани як балони кислород дар «Корвон” – бузургтарин бозори шаҳри Душанбе сӯхтор рух додааст.

Дӯкондорон бо шитоб дари мағозаҳои худро баста, молҳои худро ҷамъугир карданд. Шоҳидон мегӯянд, аксари дӯконҳо дар дарвозаҳои 2,3 ва 4 баъди оғози сӯхтор баста шуданд. Мақомот ҳанӯз ҳаҷми сӯхторро шарҳ надодаанд.

Ин бори аввал нест, ки бозорҳо дар Тоҷикистон дучори сӯхтор мешаванд. Моҳи июн маркази «Осиё” дар бозори «Султони Кабир”-и шаҳри Душанбе ва ба дунболи он, силсилаи мағозаҳо ва ошхонаҳо дар маҳаллаи «Водонасосная”, тарабхонаҳои «Мерве”, «Роҳат”-и назди корхонаи нассоҷӣ ва як мағозаи хӯрока дар бинои собиқ «Универсам” дар маҳаллаи Қарият боло оташ гирифтанд.

(Тафсилоти ҳодисаи мазкурро дар ҳамин ҷо пас аз як муддат мутолиа намоед)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *