Жириновский Ҳабибро ғолиб медонад

Варзишгари номӣ Николай Валуев, сиёсатмадор Владимир Жириновский, ситораҳои шоу-бизнеси Русия ҷангии маъруф Ҳабиб Нурмагомедовро пеш аз занозанӣ бо Макгрегори ирландӣ рӯҳбаланд карданд.

Дар арафаи вохӯрии мазкур шабакаи «Матч ТВ»-и Русия барномаи тарғиботии «В шапке за Хабиба»ро манзури бинандагон намуд. Тибқи коидаҳо дар барнома суратеро бо кулоҳ ё муроҷиати видеоиро бо суханони «Ҳабиб, ман папаха надорам, аз ин рӯ, барои муваффақияти ту кулоҳеро, ки дорам, ба сар кардам» ва сабти хэштеги вшапкезахабиба»-ро фиристонед.

Дар чорабинии мазкур роҳбари Ҳизби либерал-демократҳои Русия Владимир Жириновский, овозхон Олег Газманов, Алексей Ягудин в дигарон иштирок доштанд.

Хотиррасон мекунем, ки задухӯрди Ҳабиб бо Макгрегор 7 октябр дар Лас-Вегас баргузор шуда, рӯйдоди муҳимтарини мусобиқаи UFC 229 хоҳад гардид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *