Боз куштори ваҳшиёна дар Конибодом. Ин навбат чор узви ду оила ба ҳалокат расиданд
Шаби 15-уми декабр дар деҳаи Ҳисораки шаҳри Конибодом чор нафар, ки аъзои ду оила буданд, кушта шудаанд. Ба иттилои “Радиои Озодӣ”, миёни қурбониён зану шавҳар Ғайбулло Маҷидови 35-сола ва Зарнигори 28-сола, инчунин модару писар, Ойиша Шокироваи 70-сола ва Ҷавлон Шокирови 44-сола ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки фарзандони зану шавҳари кушташуда, ки се нафар мебошанд, зинда мондаанд ва шаби ҳодиса ба онҳо осеб нарасидааст. То ин дам мақомот дар бораи ин ҳодисаи фоҷиабор расман шарҳ надодаанд.
Ҳисорак, ки дар наздикии маркази шаҳри Конибодом ҷойгир аст, аллакай дуввумин ҳодисаи марбут ба куштори оилавӣ дар як ҳафтаи охирро шоҳид шудааст. Қаблан, шаби 8-9-уми декабр, дар деҳаи Шӯробқалъаи ҷамоати Фирӯзаоба, 6 узви як оила ба ҳалокат расиданд. Ҷасади падари оила Наимҷон Неъматовро дар дарахт овезон ва ҳамсари ӯ Нафиса Неъматова бо чор фарзандаш бо нишонаҳои буғӣ кардан пайдо гардида буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ