Куштори 6 узви як оила дар Конибодом
Дар деҳаи Шӯробқалъаи шаҳри Конибодом 6 узви як оила дар дар ҳолати кушта пайдо шудаанд. Ҳодиса шаби 8 декабри соли равон рух додааст.
Ба навиштаи Азия — плюс, ҳамаи кушташудаҳо узви хонадони Неъматовҳо, сокинони шаҳри Конибодом мебошанд. Ҷасади сардори оила Неъматов Наимҷон Норматовичи 37-сола дар рӯйи ҳавлӣ дар дарахт овезон пайдо шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, дар сару рӯйи Неъматов Наимҷон осори зарбу лат дида мешуд.
Ҷасади аъзои дигари оила, аз ҷумла ҳамсараш Неъматова Нафиса Набиевнаи 33-сола, фарзандонаш Неъматова Аминаи 13-сола, Фотима ва Зуҳро Неъматоваҳои 10-сола ва Муҳаммадюсуф Неъматови 2-сола дар рӯйи хона бо “нишонаҳои буғӣ кардан” дарёфт шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар соли равон ин чорумин ҳодисаи куштори бераҳмона дар шаҳри Конибодом аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ