Боз тирпарронӣ дар марз. Ин дафъа омӯзгор захмӣ шуд

Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон пас аз 2 соли хомӯшӣ рӯзи 7-у май боз тирпарронӣ шуд, ки дар натиҷа Олимҷон Абдуллоев, омӯзгори 34-сола аз ноҳияи Ҷаббор Расулов захмӣ ва дар бемористон бистарист. 

Тирпарронӣ дар марзи ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон рух додааст. Чун ҳамеша хадамоти марзбонии Қирғизистон омили қазияро ҷониби Тоҷикистон арзёбӣ карда, хабар додааст, ки «чӯпонҳои тоҷик» ҳудуди он кишварро гузашта, «ба амри сарҳадбонон гӯш надоданд» ва «ба тарафи онҳо санг партофтаву ду-се дафъа тир холӣ карданд».

Ҳол он ки, тибқи гуфтаи сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, Олимҷон Абдуллоев бо шунидани боздошти писараш Рамзан Абдуллоев ба хати марз рафт, то қазияро дақиқ ва ба низомиёни қирғиз дар деҳаи Сулюкта муроҷиат кунад.

Ба нақли сокинон, писари Олимҷон Абдуллоев молҳояшонро бонӣ мекард, вале сарбозони Қирғизистон ба ӯ дарафтодаанд. Баъдан падараш бохабар шуда, ба ҷойи ҳодиса меравад. Сарбозони ҳамсоя ҷониби ӯ тир холӣ мекунанд ва дар натиҷа аз пояш тир мехӯрад.

КДАМ Тоҷикистон ҳам дар изҳороте, ки дар пайи ин қазия нашр кард, хабар медиҳад, ки сабаби боздошти шаҳрванди Тоҷикистон маълум нест.

«Ягон кирдоре, ки ба принсипҳои ҳамсоягии нек мухолиф аст, нишон надод, вале ба муқобили ӯ яроқи оташфишон истифода шудааст ва ҳоло ӯ маҷруҳ аст»,- гуфта шудааст дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон.

КДАМ хабар медиҳад, ки «мақомоти дахлдори ду давлат ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Вазъият дар марз таҳти назорат қарор дорад».

Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 980 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он солҳо боз таъйину нишонагузорӣ нашудааст. Ин боиси низоъҳои хурду бузурги мусаллаҳона миёни ду кишвар шудааст. Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар як соли охир ба таври мунтазам ва барои кашидани хати сарҳад мулоқот мекунанд. Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, қаблан иттилоъ дода буд, ки 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст.

Рӯзи 10-уми январи соли 2024 Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия пас аз вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март таъйид шудааст.

Аз ин пештар, Садир Жапаров, президенти Қирғизистон низ дар ин робита зикр карда буд, ки анҷоми ҳамаи корҳо оид ба таъйин ва аломатгузории марзи давлатии кишварҳо баҳори соли 2024 дар назар аст. Вале моҳи март ҳам гузашту ҳанӯз шартнома имзо нашуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *