Боз як қотили муовини раиси “Ориёнбонк” дастгир шуд

— Як узви дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки ба одамрабоӣ ва куштори муовини аввали раиси ҶСК «Ориёнбонк» Шуҳрат Исматуллоев иртибот дошт, боздошт шудааст,- хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Шаҳрванд Сафаров Бахтовар Назарович, соли таваллудаш 1995, дар Туркия боздошт ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурда шудааст.

Дар паёми Додситонии кулл омадааст, ки Сафаров як рӯз пас аз содир шудани ҷиноят, 24-уми июни соли 2023 ба Туркия парвоз кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ роҳбар ва 15 узви гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ муайян шуда, 13 нафари онҳо боздошт шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *