Боз як ҷинояти силоҳбадасти Эшони Нозим ошкор шуд
Ҷинояткор ба хонаи зани 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ромити Ваҳдат даромада, бо истифода аз автомати Калошников ӯро ба қатл расонидааст.
Сомонаи ВКД хабар медиҳад, ки зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат ҳангоми дар гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадасти Юнусов Нозим бо тахаллуси Эшони Нозим шомил буданаш, 12-уми октябри соли 1995, тахминан соати 19:30 -дақиқа, ба хонаи истиқоматии зани 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри мазкур даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони тамғаи автомати Калошников ӯро ба қатл расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ