Боз як амалиёти террористӣ дар марз пешгирӣ шуд

Субҳи 26-уми апрел ду аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ, ки бо мақсади анҷом додани амали террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштанд, нобуд карда шуданд.

Инчунин, аз онҳо яроқу муҳимоти ҷангӣ мусодира шудааст. Дар ин бора КДАМ-и Тоҷикистон дар як изҳороти расмӣ хабар дод.

Ин ниҳод гуфтааст, ки онҳо субҳи имрӯз, 26-уми апрел дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба таври ғайриқонунӣ убур намудаанд.

“Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ террористон нобуд карда шуданд. Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2 таппончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид”,- омадааст дар изҳороти КДАМ.

Ҳоло нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати пурра муайян намудани шахсияти террористон ва дигар ҳаммаслакони ҷиноятии онҳо чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишӣ идома дорад.

Ба иттилои КДАМ, зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоишта зарар надидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *